- БАТР ва ХИС ба Бонки Эсхата 4 миллион доллари ИМА қарз пешниҳод менамояд
- Маблағгузорӣ дар доираи барномаи GEFF Бонк самаранокии захираҳо ва дастрасиро ба маблағгузории сабз дастгирӣ мекунад
- Дастгирии гузариши Тоҷикистон ба иқтисоди устувор ва новобаста аз тағирёбии иқлим
Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) барои дастгирии маблағгузории сабз ба хонаводаҳо ва ширкатҳои хурди бахши хусусӣ, ки ба технологияҳои сабзи аз ҷихати экологӣ бехатар сармоягузорӣ карданианд, барои Бонки Эсхата (Эсхата) дар доираи Барномаи Маблағгузории Иқтисоди Сабз (GEFF) як бастаи маблағгузории 4 миллион доллари ИМА ташкил намуд.
Хонаводаҳо ва корхонаҳои хурду миёнаи маҳаллӣ (КХМ) дар саросари кишвар, аз ҷумла деҳаҳои хурд ва ноҳияҳои дурдаст, аз қарзҳои Эсхата барои технологияҳои мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим ва хизматрасониҳо, ба монанди обёрии қатрагӣ, ҷамъоварӣ ва захира кардани оби борон, ҳалли устувори идоракунии замин, истифодаи панелҳои офтобӣ ва сардхонаҳои каммасраф баҳра хоҳанд бурд. Бенефитсиарҳо метавонанд технологияҳои сабзи мувофиқро тавассути Селектори Технологияҳои Сабз – рӯйхати технологияҳо ва таҷҳизотҳои самарнок, ки аз ҷониби гурӯҳи кӯмаки техникии барномаи GEFF Тоҷикистон дастгирӣ карда мешавад, муайян кунанд.
Маблағгузории аз ҷониби БАТР ва Хазинаи Иқлими Сабз бо асъори миллӣ ва доллари ИМА дар се марҳила дастрас карда мешавад.
Барномаи GEFF як ҷузъи ҳадафи ба наздикӣ эълоншудаи БАТР оид ба густариши маблағгузории худ оид ба тағирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист дар доираи раванди гузариши иқтисоди сабз (GET) мебошад, ки мувофиқи он Бонк мақсад дорад, ки то соли 2025 беш аз 50 фоизи сармоягузории солонаи худро ба маблағгузории сабз, хусусан таваҷҷуҳи махсус ба масъяалаҳои гендерӣ равон намояд.
GEFF Тоҷикистон дастрасии баробари мардон ва занонро ба маблағгузории сабз дастгирӣ мекунад ва аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, ХИС ва Ҷумҳурии Корея тарафдорӣ карда мешавад
Барномаи GEFF тавассути шабакаи беш аз 145 муассисаи молиявии маҳаллӣ дар 27 кишвар, ки то имрӯз бо дастгирии молявии беш аз 4,6 миллиард евро дар БАТР барои 190 000 мизоҷон фаъолият менамояд. Амалисозии ин лоиҳаҳо боиси коҳиш ёфтани партовҳои солонаи CO2 ба беш аз 8,6 миллион тонна гардид.
То имрӯз БАТР 749 миллион евро ба 136 лоиҳа дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст.