Намуди чорабинӣ: Баромадҳо аз тарафи мушовири лоиҳаи GEFF (МЛ)
Гурӯҳи мо барои вохӯриҳо дар ҷамоатҳо бо назардошти шароити маҳаллии соҳибкорӣ, мушкилоти иқлимии хоси минтақа ва ҷанбаҳои фарҳангӣ (масалан, демография, забон / лаҳҷаҳо, вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ) баромадҳо омода карданд.
Масалан, дар ҷамоати “Россия” дар деҳаи Чилмеҳроб вохӯрӣ ташкил карда шуд, ки дар он 48 деҳқонон ва хонаводахо ширкат варзиданд. Вохӯрӣ бо хоҳиши ҷомеаи маҳаллӣ дар натиҷаи вохӯрии аввал дар маркази ҷамоат бо мушовирони лоиҳаи GEFF гузаронида шуд. Яке аз иштироккунандагон, Маҳмудов Ботур, деҳқони маҳаллӣ аз ҷамоати мазкур, омода аст, ки як гармхонаи муосирро бунёд намуда онро ҳамчун қитъаи намоиши ба деҳқонони дигар барои мубодилаи таҷриба пешниҳод кунад.
· Шароитҳои иқлимӣ: Ҷамоати “Россия”, деҳаи Чилмеҳроб, дар минтақаи марказии Тоҷикистон ҷойгир аст. Иқлими мулоим, хушк ва мӯътадил дорад. Эрозияи (шусташавӣ) хок, обхезӣ ва ифлосшавии об омилҳои асосии хавфи ин минтақа мебошанд.
· Намудҳои асосии фаъолият: Аҳолии дар деҳот зиндагикунанда тақрибан 35000 нафарро ташкил медиҳад, ки аксарияти онҳо хоҷагиҳои хурди оилавӣ мебошанд, ки асосан дар заминҳои кушод сабзавот ва меваҳо, аз қабили помидор, бодиринг ва боғҳои гелосу зардолу парвариш мекунанд. Мавқеи ҷойгиршавии ин ҷамоат, ки дар наздикии шаҳри Душанбе мебошад имконияти хуби фуруши сабзавот ва меваҷотро дар бозори пойтахт фароҳам меорад.
· Имкониятҳои асосӣ дар доираи GEFF Тоҷикистон: Сармоягузорӣ ба гармхонаҳо дар ин минтақа, ки оқибатҳои тағирёбии иқлимро бартараф намуда даромаднокиро аз ҳисоби зиёд будани талабот ба сабзавоту мева дар фаслҳои зимистону баҳор афзун менамояд.
Мо инчунин намояндагони минтақавии шарики молиявии GEFF – ТАҚХ «Ҳумо» -ро барои посух додан ба саволҳо оид ба меъёрҳои қарздиҳӣ ва дигар расмиёти он даъват кардем. Ин барои муайян кардан ва ба ҷонибҳои ҳавасмандоне, ки мехоҳанд ба технологияҳои муосири сабз сармоягузорӣ намоянд, кӯмак намуд.
GEFF Тоҷикистон барои ҷорӣ намудани технологияҳои сабз дар соҳаи кишоварзӣ тавассути ташкил намудани чорабиниҳои иттилоотӣ дар кишвар фаъолона дастгири менамояд.