Санаи 28 ноябр маросими тантанавӣ бахшида ба ҷамъбасти бомуваффақияти марҳилаи аввали барномаи GEFF II Тоҷикистон – «Қарзҳои сабз» баргузор гардид, ки дар ҷараёни он кормандони фаъоли Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) барои саҳмгузорӣ ва заҳмату талошҳояшон дар татбиқи лоиҳа қадрдонӣ карда шуданд.
Маросими қадрдонӣ аз ҷониби дастаи GEFF II Тоҷикистон дар бинои Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон баргузор гардида, марҳилаи муҳими ҷамъбасти натиҷаҳои ҳамкорӣ дар доираи барномаи маблағгузории сабз ба ҳисоб мерафт. Дар рафти чорабинӣ ғолибони номинатсияи «Коршиносони беҳтарини қарзӣ» эълон гардиданд — мутахассисоне, ки дар пешбурди қарзҳои сабз ва татбиқи қарорҳои каммасрафи энергия ва аз ҷиҳати экологӣ устувор саҳми назаррас гузоштаанд.
Ғолибон чунин муайян гардиданд:
• Ҷойи аввал — Сайдмумин Саидов, коршиноси қарзии филиали бонк дар шаҳри Бохтар;
• Ҷойи дуюм — Фируз Валичонзода, коршиноси қарзии филиали бонк дар шаҳри Хуҷанд;
• Ҷойи сеюм — Раҳим Рустамзода, коршиноси қарзии маркази хизматрасонии бонкии шаҳри Конибодом.
Қадрдонии ғолибон нишонаи эътирофи касбият, масъулият ва саҳми назарраси онҳо дар татбиқи бомуваффақияти барномаи GEFF II Тоҷикистон ва густариши дастрасӣ ба маблағгузории сабз барои мизоҷон мебошад.
Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон ба кормандони худ барои иштироки фаъол дар татбиқи ин лоиҳа, ки дар ҳамкорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (ЕБРР) амалӣ мегардад, изҳори сипос намуда, талошҳои дастаҷамъонаро дар самти пешбурди ҳадафҳои бонк вобаста ба қарзҳои сабз баланд арзёбӣ кард.
Барномаи GEFF II Тоҷикистон на танҳо як марҳилаи муҳим дар рушди низоми бонкӣ ба ҳисоб меравад, балки ба рушди устувор ва таҳкими заминаи экологӣ ва иқтисодии кишвар низ саҳми арзанда мегузорад.
Дар ҳамкорӣ бо:
Кореяи ҷанубӣ
By using this site, you confirm that you accept our Terms and Conditions as well as our Cookies Policy AcceptRead More
Privacy & Cookies Policy
Privacy Overview
This website uses cookies to improve your experience while you navigate through the website. Out of these, the cookies that are categorized as necessary are stored on your browser as they are essential for the working of basic functionalities of the website. We also use third-party cookies that help us analyze and understand how you use this website. These cookies will be stored in your browser only with your consent. You also have the option to opt-out of these cookies. But opting out of some of these cookies may affect your browsing experience.
Necessary cookies are absolutely essential for the website to function properly. This category only includes cookies that ensures basic functionalities and security features of the website. These cookies do not store any personal information.
Any cookies that may not be particularly necessary for the website to function and is used specifically to collect user personal data via analytics, ads, other embedded contents are termed as non-necessary cookies. It is mandatory to procure user consent prior to running these cookies on your website.