- Бастаи маблағгузории 4 миллион доллар барои ТАҚХ “ҲУМО”
- Пешбурди маблағгузории сабз дар Тоҷикистон дар доираи GEFF
- Беҳтар намудани дастрасӣ ба технологияҳои сабз барои корхонаҳои хурду миёнаи маҳаллӣ
Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ва Хазинаи Иқлими Сабз (GCF) дастгирии соҳибкорони хурди Тоҷикистонро, ки омодаанд ба технологияҳои сабз маблағгузорӣ намоянд, тавассути пешниҳоди маблағ ба яке аз қарздиҳандагони пешбари кишвар, ТАҚХ «ҲУМО», идома медиҳанд. Маросими расмии имзои созишнома рӯзи 5 апрел дар филиали ТАҚХ «ҲУМО» дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини раиси шаҳр Ҳамидиён Орзу баргузор гардид.
Бастаи нави маблағгузорӣ бо ҳаҷми 4 миллион доллар аз ҷониби БАТР ва ХИС дар доираи Барномаи Маблағгузории Иқтисоди Сабз (GEFF) пешниҳод карда мешавад. Он аз 3 миллион доллари ИМА маблағи қарзӣ аз ҷониби БАТР, ки бо асъори миллӣ маблағгузорӣ мешавад ва инчунин 1 миллион доллари ИМА маблағгузории имтиёзнок аз ҷониби ХИС иборат хоҳад буд.
ТАҚХ «ҲУМО» аввалин муассисаи молиявӣ дар Тоҷикистон, ки соли 2019 ба GEFF ҳамроҳ шуд ва аввалин маблағҳои қарзиро бомуваффақият дастраси деҳқонон намуд. Маблағҳои нав ба густариши дастрасӣ ба технологияҳои сабз барои хонаводаҳою хоҷагидорони маҳаллӣ ва корхонаҳои хурду миёна (КХМ) мусоидат мекунанд.
Лоиҳаи мазкур бо дастгирии кӯмаки техникӣ, ки аз ҷониби ХИС ва Ҳукумати Корея маблағгузорӣ мешавад, инчунин кӯмакҳои ҳавасмандкунии молиявӣ дар доираи лоиҳаи Баланд Бардоштани Рақобатпазирии Агробизнес дар Тоҷикистон (ECTAP), ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, амалӣ карда мешавад, ки ба рақобатпазирӣ дар бахши агробизнес мусоидат мекунад.
ТАҚХ «ҲУМО» як ширкати фаръии Gojo & Company Inc., ки ширкати сармоягузории Токио буда барои фарогирии молиявӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ мусоидат мекунад. Он яке аз калонтарин муассисаи қарзии хурд дар Тоҷикистон буда, асосан ба тиҷорати хурд ва миёна дар бахшҳои чакана ва кишоварзӣ хизмат мерасонад.
Барномаи Маблағгузории Иқтисоди Сабз (GEFF) як қисми равиши гузариши иқтисоди сабз (GET)-и Бонк мебошад ва БАТР нақша дорад, ки миқёси маблағгузорӣ ба иқлим ва экологии худро васеъ намуда, то соли 2025 беш аз 50 фоизи сармоягузориҳои солонаи худро ба дастгирии технологияҳо сабз равона намояд.
Тавассути GEFF, БАТР корхонаҳо ва хонаводаҳоеро, ки ба технологияҳои сабз сармоягузорӣ мекунанд, дастгирӣ мекунад. Аз замони ифтитоҳи чунин иқдоми маблағгузорӣ ва бо дастгирии донорҳо, БАТР тавассути беш аз 170 муассисаи молиявии ширкаткунанда барои дастгирии беш аз 218000 сармоягузории сабз дар 28 кишвари ҷаҳон зиёда аз 5 миллиард евро ҷудо кардааст. Барнома барои пешгирӣ кардани тақрибан 9,5 миллион тонна партовҳои CO2 дар як сол кӯмак мекунад.
То имрӯз БАТР тавассути 148 лоиҳа ба иқтисоди Тоҷикистон 854 миллион евро сармоягузорӣ кардааст.