- БАТР ва ЗКФ ба ташкилоти қарзии хурди Имон Интернешнли Тоҷикистон 6 миллион доллари ИМА ҷудо мекунанд
- Дастгирии тиҷорати хурд ва қарздиҳии «сабз»
- Лоиҳаи охирин дар доираи МФЗЭ БАТР
Ба шарофати бастаи молиявӣ дар ҳаҷми то 6 миллион доллари ИМА, ки аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) барои ташкилоти пешбари маблағгузории хурди кишвар – «Имон Интернешнл» (“Имон”) сафарбар шудааст, ҳазорҳо корхонаҳои хурд ва микро дар саросари Тоҷикистон метавонанд фаъолияти худро идома диҳанд ва технологияҳои «сабз»-ро ворид созанд.
Баста аз қарзи оғозёбӣ ба маблағи то 2 миллион доллари ИМА иборат хоҳад буд, ки ба Имон, ки тавассути шабакаи 27 филиал ба зиёда аз 130,000 муштарӣ хизмат мерасонад, имкон медиҳад, ки ба корхонаҳои хурди маҳаллӣ маблағгузории хеле заруриро пешниҳод кунад. Интизор меравад, ки барои ҳифзи қарзгирандагон аз хатарҳои асъорӣ қарзҳои зерсохторӣ бо сомонӣ дода хоҳанд шуд.
Қисми боқимондаи баста, то 4 миллион доллари ИМА дар доираи Механизми Маблағгузории Иқтисоди Сабзи БАТР (GEFF) дода мешавад, ки ба тавсеаи дастрасӣ ба технологияҳои сабз барои хоҷагидорони маҳаллӣ ва тиҷорати хурди маҳаллӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад. Қарзи мазкур аз ҳисоби маблағгузории боимтиёз аз Фонди Иқлими Сабз (GCF) дар ҳаҷми 1 миллион доллари ИМА дастгирӣ мешавад.
GEFF, ки дар Тоҷикистон аз ҷониби GCF ва Ҷумҳурии Корея дастгирӣ меёбад, инчунин маблағҳои Барномаи пурзӯр кардани рақобатпазирии агробизнес (ECTAP)-и Иттиҳоди Аврупоро истифода хоҳад бурд.
Барномаи GEFF як қисми равиши Бонк ба Гузариш ба Иқтисоди Сабз (GET) мебошад. Бо истифода аз равиши GET, БАТР ҳаҷми маблағгузории сабзро то соли 2025 ба беш аз 50 фоизи фаъолияти солонаи худ афзоиш медиҳад.
То имрӯз БАТР дар доираи 153 лоиҳа ба иқтисоди Тоҷикистон 934 миллион евро сармоягузорӣ кардааст.