БАТР воситаҳои мавҷударо мутобиқ ва вусъат дода ташаббусҳои навро оид ба дастгирии молиявӣ ва сиёсӣ бо мақсади пешгирии хатари фаврии вирус таҳия менамояд. Инчунин корбариро оид ба омодагии кишварҳояш ба давраи пас аз вирусӣ ва ҳимояи комёбиҳои пешрафтаи бо заҳматҳо ноилшударо дар самти иқтисоди бозаргонии устувор, одилона ва кушод фаъол намудаистодааст .
Рукни асосии бастаи ҳамраъйии БАТР Сохтори Устувор аст, ки барои қонеъ кардани эҳтиёҷоти пардохтпазирии кӯтоҳмуддат ва воситаҳои гардони мизоҷони мавҷуда маблағгузорӣ менамояд. Талабот ҳамчунин зиёд буд дар доираи аксуламали васеъи маблағгузории дастрас дар дохили чорчӯбаи асосӣ аз 1 миллиард евро то арзёбии минбаъдаи эҳтиёҷот дар охири соли равон то 4 миллиард евро афзоиш меёбад. БАТР доираи фарогирии фаъолияти худро бо ҳамроҳ кардани филиалҳои муштариёни мавҷуда васеъ намуд.
БАТР маблағгузориро дар доираи Барномаи Мусоидат ба Тиҷорат вобаста ба дархостҳои рӯзафзун оид ба маблағгузории савдо ва нигоҳ доштани роҳу имкониятҳои тиҷоратро дар шароити душвор зиёд менамояд. Он инчунин барои таҷдиди босуръати сохтори қарзҳои батаъхирафтодаи мизоҷони мушкилситон пешниҳод шудааст.
Бонк сохтори чаҳорчӯбаҳои таъсисёфтаро тақвият медиҳад, ки хусусан ба корхонаҳои хурду миёна (СХМ) ва иттиҳодияҳо, ки ҳанӯз муштариёни БАТР нестанд, ки иқтисодиёти воқеиро бо маблағгузории мустақиман ва ғайримустақим тавассути системаи бонкӣ устувортар месозад. Боз унсури дигаре дар Бастаи Ҳамраъйӣ, яъне иншооти нави фавқулода масъул ба Талаботҳои Инфрасохторист.
Равандҳои таъҷилӣ куллӣ соҳаҳои иқтисодиётро, алалхусус бахшҳое, ки ба бӯҳрон дучор шудаанд, аз он ҷумла муассисаҳои молиявӣ, КХМ ва бахшҳои иттиҳодиявӣ ба монанди туризм ва меҳмонхонаҳо, таҳвилкунандагони автомобилӣ ва нақлиётӣ, агробизнес ва таҳвилкунандагони лавозимоти тиббиро мавриди ҳадаф қарор медиҳанд.
Ин пандемия метавонад имкони нобаробариро дар ҷомеа фароҳам оварда шадидтар кунад ва хавфи мушкилотҳои ӯҳдадориро дар мубориза бо тағйирёбии иқлим таҳдид намояд. БАТР барои ҳимояи иқтисодии минтақаҳои худ ҳаракат намуда, инчунин оид ба пуштибонии давраи гузаришро бо таъмини ҳама фарогирӣ ва ба ҳисобгирии ҷабҳаҳои гендерии ба бӯҳрон ҷавобдиҳанда ва ҳифзи ӯҳдадориҳои гузариш ба иқтисоди сабз кор менамояд.
Маълумоти бештарро дар ин ҷо хонед.