2 ва 7 майи соли 2026 дар қитъаи намоишии Хоҷагии деҳқонии фермерии «Танзила», воқеъ дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, барои мизоҷон ва шарикони Бонки Арванд ва Бонки Сармоягузорӣ ва Қарзии Тоҷикистон Рӯзҳои дарҳои кушод баргузор гардиданд, ки дар доираи барномаи GEFF II Тоҷикистон ташкил карда шуданд. Ҳадафи чорабиниҳо баланд бардоштани сатҳи маъломоти деҳқонон оид ба имкониятҳои маблағгузории сабз ва технологияҳои муосири устувори кишоварзӣ барои баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва истифодаи самараноки захираҳо буд.
Дар чорабиниҳо деҳқонон, инчунин мизоҷони амалкунанда ва эҳтимолии бонкҳо иштирок намуданд. Дар қисми назариявӣ иштирокчиён бо воситаҳои маблағгузории сабз, шартҳои дастрасӣ ба технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ устувор, инчунин имкониятҳои дастгирии машваратӣ ва техникӣ дар доираи GEFF II Тоҷикистон шинос шуданд.
Қисми амалии чорабинӣ бевосита дар қитъаи намоишӣ баргузор гардида, дар он ҷо роҳҳалҳои муосири соҳаи кишоварзӣ муаррифӣ шуданд, аз ҷумла системаҳои обёрии қатрагӣ ва фертигатсия, кишоварзии амудӣ, панелҳои офтобӣ ва дигар технологияҳо дар асоси манбаъҳои барқароршавандаи нерӯи, дастгоҳҳои биогазӣ, био-нуриҳо, технологияҳои муосири гармхонагӣ ва ҳалли рақамӣ барои соҳаи кишоварзӣ.
Қитъаи намоишии «Танзила» ба майдони мубодилаи таҷриба ва намоиши амалии он табдил ёфт, ки чӣ гуна технологияҳои инноватсионӣ ва сарфакунандаи захираҳо метавонанд ба рушди самаранок ва устувори соҳаи кишоварзӣ мусоидат намоянд.
Рӯзҳои дарҳои кушод бо иштироки ташкилотҳои молиявии шарики GEFF II Тоҷикистон ба рушди донишҳои амалӣ миёни деҳқонон ва соҳибкорон, инчунин ба васеъ намудани дастрасӣ ба технологияҳои муосири сабз ва маблағгузории роҳҳалҳои устувор дар бахши аграрии Тоҷикистон равона шудаанд.
Барномаи GEFF II Тоҷикистон бо дастгирии Фонди иқлими сабз (GCF), Вазорати молияи Австрия ва Ҷумҳурии Корея тавассути Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (EBRD) амалӣ гардида, ҳадафи он васеъ намудани дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва технологияҳои муосири ба иқлим устувор дар Тоҷикистон мебошад.
Дар ҳамкорӣ бо:
Кореяи ҷанубӣ
By using this site, you confirm that you accept our Terms and Conditions as well as our Cookies Policy AcceptRead More
Privacy & Cookies Policy
Privacy Overview
This website uses cookies to improve your experience while you navigate through the website. Out of these, the cookies that are categorized as necessary are stored on your browser as they are essential for the working of basic functionalities of the website. We also use third-party cookies that help us analyze and understand how you use this website. These cookies will be stored in your browser only with your consent. You also have the option to opt-out of these cookies. But opting out of some of these cookies may affect your browsing experience.
Necessary cookies are absolutely essential for the website to function properly. This category only includes cookies that ensures basic functionalities and security features of the website. These cookies do not store any personal information.
Any cookies that may not be particularly necessary for the website to function and is used specifically to collect user personal data via analytics, ads, other embedded contents are termed as non-necessary cookies. It is mandatory to procure user consent prior to running these cookies on your website.