Санаи 8 апрели соли 2026 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барномаи GEFF II Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо
Бонки «Хумо» семинари омӯзиширо таҳти унвони «Занон дар тиҷорати гармхона: имкониятҳо барои занони деҳқон» баргузор намуд. Дар чорабинӣ зиёда аз 32 нафар занони деҳқон, инчунин намояндагони барномаи GEFF II Тоҷикистон, Бонки «Ҳумо» ва таъминкунандагони технологияҳои сабз иштирок карданд.
Ҳадафи семинар баланд бардоштани сатҳи огоҳии занон оид ба имкониятҳои тиҷорати гармхона ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ буд. Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокчиён бо технологияҳои муосири каммасрафи энергия ва захираҳо, инчунин шартҳо ва имкониятҳои дастрасӣ ба маблағгузорӣ шинос гардиданд.
Ба масъалаҳои иқтисодии пешбурди тиҷорати гармхона, аз ҷумла интихоби зироатҳо, хароҷоти сармоягузорӣ ва даромаднокии эҳтимолӣ диққати махсус дода шуд. Ҳамчунин қарорҳои муосири сабз, аз қабили системаҳои обёрии қатрагӣ, технологияҳои офтобӣ ва идоракунии самараноки захираҳои об пешниҳод гардиданд.
Дар доираи семинар мисолҳои амалии татбиқи бомуваффақияти технологияҳои сабз дар хоҷагиҳои гармхонагӣ дар доираи барномаи GEFF II Тоҷикистон муаррифӣ шуданд, ки нишон доданд чӣ гуна истифодаи ин қарорҳо ба зиёд шудани ҳосилнокӣ, афзоиши даромад ва кам шудани хароҷот мусоидат мекунад.
Таъминкунандагони технологияҳои сабз қарорҳои худро дар соҳаҳои сохтмони гармхонаҳо, системаҳои обёрии қатрагӣ ва дастгоҳҳои энергетикаи офтобӣ пешниҳод карданд. Иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки бо қарорҳои техникӣ шинос шуда, ба мутахассисон саволҳои амалӣ пешниҳод намоянд.
Барномаи GEFF II Тоҷикистон бо дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (EBRR), Фонди иқлимии сабз (GCF), Вазорати молияи Австрия ва Ҷумҳурии Корея амалӣ гардида, ба густариши дастрасӣ ба маблағгузории устувор ва рушди иқтисоди сабз дар кишвар мусоидат менамояд.
Дар ҳамкорӣ бо:
Кореяи ҷанубӣ
By using this site, you confirm that you accept our Terms and Conditions as well as our Cookies Policy AcceptRead More
Privacy & Cookies Policy
Privacy Overview
This website uses cookies to improve your experience while you navigate through the website. Out of these, the cookies that are categorized as necessary are stored on your browser as they are essential for the working of basic functionalities of the website. We also use third-party cookies that help us analyze and understand how you use this website. These cookies will be stored in your browser only with your consent. You also have the option to opt-out of these cookies. But opting out of some of these cookies may affect your browsing experience.
Necessary cookies are absolutely essential for the website to function properly. This category only includes cookies that ensures basic functionalities and security features of the website. These cookies do not store any personal information.
Any cookies that may not be particularly necessary for the website to function and is used specifically to collect user personal data via analytics, ads, other embedded contents are termed as non-necessary cookies. It is mandatory to procure user consent prior to running these cookies on your website.