Намуди чорабинӣ: Онлайн тавассути Zoom
Дар рафти ҷаласаи пленарӣ, Коршиноси Байналмилалии Гендерӣ Беттина де Уиттлингер паёмҳои асосиро дар бораи ҳассосияти занон ва муносибати ононро ба тағирёбии иқлим пешниҳод кард. Дар ин бахш масъалаҳои зерин муҳокима шуданд:
- Занон бо кадом монеаҳо ва мушкилот дучор меоянд?
- Барои беҳтар кардани дастрасии занон ба маблағгузорӣ ва таҳияи устуворӣ ба тағирёбии иқлим чӣ бояд кард?
Дар давоми ҷаласаҳои мувозӣ, Менеҷери Лоиҳаи GEFF Тоҷикистон Кайрат Шалабай ва Коршиноси Гендерӣ Вилоят Мирзоева иштирокчиёни семинарро ба толорҳои ҷудогона даъват карданд, то мавзӯъҳои зеринро муҳокима кунанд:
- Ҷаласаи 1: Арзёбии талаботи қонеънашудаи маблағгузории сабз аз назари гендерӣ
- Ҷаласаи 2: Баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба тағирёбии иқлим ва хавфҳо.
Фикру ақидаҳо: Иштирокчиёни семинар ба ин чорабинӣ баҳои баланд доданд. Бисёре аз онҳо натиҷаҳои Баҳодиҳии Ибтидоии Гендериро мусбат арзёбӣ карданд. Инчунин, иштирокчиён дар кори ноил гардидан ба баробарии гендерӣ, имконияти муҳокима ва пешниҳоди ғояҳо арзиши баландро диданд. Дар зер баъзе фикру андешаҳои иштирокчиёни Семинари Миллии Гендерӣ оварда шудаанд:
«Воқеан олӣ! Ман дар бисёр семинарҳо иштирок караам, вале ин яке аз семинари пур аз иттилоот аст. Таҷрибаҳои муваффақи ҷолиб. Пешниҳоди саволҳо ба таври ошкоро буд, ки ин. хеле хуб аст, ташаккур барои ташкили чунин чорабинӣ», – Татяна Бозрикова, ТҒД «Гендер ва Рушд».
«Ҳама чиз хеле возеҳ ва ҷолиб пешниҳод шудааст! Ташаккур барои даъват. Ин ба ман хеле писанд омад. Мо интизори чорабинии навбатӣ ҳастем», Хайринисо Расулова, Ассотсиатсияи «Зан ва Ҷомеа».
Ҳама пешниҳодҳо ва тавсияҳое, ки аз иштирокчиёни семинар пешкаш гардиданд, ҳангоми таҳияи Нақшаи Амалиёти Гендерӣ, ки дар доираи лоиҳаи GEFF Тоҷикистон таҳия мегардад, ба назар гирифта мешаванд, ки он тадбирҳои муайяни тавонмандсозӣ, таблиғотӣ ва дигар чорабиниҳои гендериро барои васеъ намудани дастрасии занон ва мардон ба маблағгузории сабз дар Тоҷикистон дар бар мегирад.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар бораи Баҳодиҳии Ибтидоии Гендерӣ, лутфан бо Мушовири лоиҳа бо нишонии tajikistan@ebrdgeff.com тамос гиред.
Баробарии гендерӣ дар баробари ҳифз ва беҳтар намудани муҳити зист омили асосии гузариши устувор ва рушди фарогир мебошад. Васеъгардонии иқтисодии ҳуқуқу имкониятҳои занон ва имкониятҳои баробар барои мардон ва занон соҳибкориро ҳавасманд намуда, ба баланд бардоштани устувории молиявии занони соҳибкор дар шароити тағирёбии иқлим мусоидат мекунад. Ин махсусан дар Тоҷикистон муҳим аст, ки тағирёбии иқлим ба соҳаҳои муҳими иқтисод, аз қабили кишоварзӣ ва дигар соҳаҳое, ки аксарияти занон дар он ҷалб шудаанд, таъсир мерасонад.