- Технологияи бунёди террасаҳо дар нишебзаминҳо
- Аҳамияти террасакунонӣ дар кам кардани эрозияи хок
- Имкониятҳои сармоягузорӣ
- Саволҳои умумӣ ва ҷавобҳои мутахассисони мо.
Радио мусоҳибаи дуввум ба мавзӯи техникаи кишоварзии муосир ҳамчун технологияҳои каммасраф бахшида шуд. Коршиносони даъватшуда технологияҳои муосири кишоварзиро, ки меҳнати дастии деҳқононро сабук мекунад, хароҷоти сӯзишворию энергияро кам мекунад ва ҳамзамон омили асосии рушди кишоварзӣ мебошад, муҳокима карданд. Усмонқул Ботуров муовини роҳбари лоиҳаи GEFF Тоҷикистон, Ҷумъахон Сафоев, муовини якуми директори генералии ҶСП “Агротехсервис” ва Парвин Ҷабборов, муҳандиси лоиҳаи GEFF Тоҷикистон даъват карда шуданд. Барнома мавзӯъҳои зеринро дар бар гирифт:
- Техникаи муосири кишоварзӣ ва бартариҳои онҳо
- Хусусиятҳои техникии техникаи кишоварзии муосир
- Афзалиятҳои тракторҳои насли нав нисбат ба моделҳои кӯҳна
- Саволҳои умумӣ ва ҷавобҳои мутахассисони мо.
Радио мусоҳибаи #3: Самаранокии ҳавзаҳои ҷамъоварии оби борон дар минтақаҳои беоб
Мавзӯи севвуми радио мусоҳиба усули ҷамъоварии оби борон дар обанборҳо дар минтақаҳои беоби Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ин мусоҳиба мутахассиси даъватшуда Боймурод Буйдоков дар якҷоягӣ бо муовини роҳбари лоиҳаи GEFF Тоҷикистон Усмонқул Ботуров роҳҳои самараноки сохтани обанборҳо барои ҷамъоварии оби борон, инчунин аҳамият ва манфиатҳои ин технологияро баррасӣ карданд, ки потенсиали истифодаи заминро, ки минтақаҳои беоби кишвар чойгиранд – баланд мебардорад.
- Усулҳои ҷамъоварии оби борон
- Аҳамияти обанборҳо ва системаҳои обёрии қатрагӣ дар минтақаҳои беоб
- Имкониятҳои сармоягузорӣ
- Саволҳои умумӣ ва ҷавобҳои мутахассисони мо.
Радио мусоҳибаи #4: Гармхонахои муосири бо системаи обёрии қатрагӣ обёришаванда
Мавзӯи чоруми радио мусоҳиба оид ба бунёди гармхонахои муосири бо системаи обёрии қатрагӣ обёришаванда ҳамчун омили баланд бардоштани даромади иқтисодии деҳқонон буда, Усмонқул Ботуров, муовини роҳбари лоиҳаи GEFF Тоҷикистон ва Эшбадалов Муҳаммадҷон, агроном, мутахассиси ботаҷриба аз ноҳияи Рудакӣ, ки солҳои зиёд дар бунёди гармхонаҳои муосир саҳм гузоштанд, даъват шудаанд.
- Бунёди гармхонаҳо ва аҳамияти иқтисодии онҳо барои деҳқонон
- Бартариҳо ҳангоми истифодаи ин технология дар хочагихои дехконӣ, дар заминҳои хурд ва наздиҳавлигӣ
- Арзиши технология ва имкониятҳои сармоягузорӣ
- Саволҳои умумӣ ва ҷавобҳои мутахассисони мо.
Радио мусоҳибаи #5: Кишти зерипленкагии тарбуз бо системаи обёрии қатрагӣ обёришаванда
Мавзӯи панҷуми радио мусоҳиба кишти зерипленкагии тарбуз бо системаи обёрии қатрагӣ обёришаванда мебошад. Парвариши зироатҳои гуногун бо истифодаи пленкаи полиэтиленӣ барои руйпӯшкунонӣ, яъне мулчакунонӣ як қатор афзалиятҳо дорад. Ин ва дигар масъалаҳои атрофи мулчакунониро муовини роҳбари лоиҳаи GEFF Тоҷикистон Усмонқул Ботуров ва деҳкон Рустам Хисориев муҳокима карданд, аз онҷумла мавзуҳои зерин низ мавриди суҳбат қарор доштанд:
- Истифодаи системаи обёрии қатрагӣ дар якҷоягӣ бо технологияи мулчакунонӣ, яъне руйпушкуни бо плёнкаи полиэтиленӣ
- Афзалиятҳои технологияи мулчакунонӣ нисбат ба усули анъанавӣ
- Мулчакунони барои зироатҳои дигар
- Саволҳои умумӣ ва ҷавобҳои мутахассисони мо.
Радио мусоҳибаи #6: Насосҳои обии офтобӣ
Радио мусоҳиба шашум насосҳои обии офтобӣ ҳамчун таҷрибаи нав дар Тоҷикистон мебошад. Коршиносони даъватшуда, муовини роҳбари лоиҳаи GEFF Тоҷикистон Усмонқул Ботуров ва муовини директори ташкилоти ҷамъиятии «Барги Сабз» Ҷонибек Ҷумъаев оиди насосҳои офтобии обёрикунанда бо мақсади дастгирии обёрии зироатҳо, ва инчунин ҷанбаҳои техникӣ ва молиявии ин масъаларо муҳокима карданд, ки мавзӯъҳои зерро фаро гирифтанд:
- Маълумоти умумӣ дар бораи насосҳои обии офтобӣ, принсипи кори он
- Маслиҳатҳо оид ба насоси офтобӣ ва бартариҳои он
- Имкониятҳои сармоягузорӣ
- Саволҳои умумӣ ва ҷавобҳои мутахассисони мо.
Радио мусоҳибаи #7: Қубурҳои пластикӣ барои обёрии замин
Мавзӯи ҳафтуми мусоҳибаи радио – қубурҳои пластикӣ ҳамчун воситаи обёрӣ ва ҳифзи об дар минтақаҳои гуногуни кишвар буд. Муовини роҳбари лоиҳаи GEFF Тоҷикистон Усмонқул Ботуров ва баҳрабардори лоиҳаи GEFF Аҳмад Каримов аз ҷамоати Ахтан, ноҳияи Деваштич, директори хоҷагии деҳқонии “Дадабой Бобо” ин технологияро, инчунин ҷанбаҳои техникӣ ва молиявиро баррасӣ карданд:
- Маълумоти умумӣ дар бораи ин усул, принсипи амалиёт
- Маслиҳатҳои насб ва манфиатҳои технология
- Имкониятҳои сармоягузорӣ
- Саволҳои умумӣ ва ҷавобҳои мутахассисони мо.
Радио мусоҳибаи #8: Боғҳои интенсивӣ
Мавзӯи ин радиоӣ мусоҳибаи навбатӣ боғҳои интенсивӣ аст, ки маънои на танҳо ҳосили барвақт ва фаровон, балки идоракунии интенсивиро дорад. Татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва нав метавонад ҳосилнокиро афзоиш диҳад, хароҷоти истеҳсолотро коҳиш диҳад ва сифати маҳсулотро беҳтар созад. Усмонқул Ботуров, муовини роҳбари лоиҳаи GEFF Тоҷикистон, инчунин баҳрабардори лоиҳаи GEFF Тоҷикистон, агрономи ботаҷриба Абдухолиқ Сафаров аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ки дар татбиқи ин технология фаъолона ширкат варзидааст ва дар ин самт таҷрибаи амалӣ дорад, ба мусоҳиба даъват карда шуданд. Коршиносон аз таҷрибаи худ нақл карда, мавзӯъҳои зеринро баррасӣ намуданд:
- Хусусиятҳои техникии ин технология
- Бартариҳои боғҳои интенсивӣ дар муқоиса бо боғҳои анъанавӣ
- Маслиҳатҳо оид ба мутахассисон ва техникаи зарурӣ
- Саволҳои умумӣ ва ҷавобҳои мутахассисони мо.
Радио мусоҳибаи #9: Боғ дар нишебӣ ҳамчун омили пешгирии эрозияи хок
Мавзӯи радио мусоҳибаи навбатӣ – боғ дар нишебӣ ҳамчун омили пешгирии эрозияи хок мебошад. Усмонқул Ботуров, муовини роҳбари лоиҳаи GEFF Тоҷикистон ва Нузлиддин Раҷабов агрономи ботаҷриба аз ноҳияи Ҳисор, ки аз соли 1986 инҷониб дар соҳаи кишоварзӣ кору фаъолият дорад ва яке аз баҳрагирандагони лоиҳа ба ҳисоб меравад, мавзӯъҳои зерин муҳокима намуданд:
- Нақши муҳими боғ дар нишебӣ барои пешгирии эрозияи хок
- Асбобҳо ва таҷҳизотҳои лозима барои боғ дар нишебӣ
- Бунёди боғ ҳамчун сармоягузории дарозмуддат
- Саволҳои умумӣ ва ҷавобҳои мутахассисони мо.
Радио мусоҳибаи #10: Cардхонаҳои муосир
Мавзӯи радио мусоҳибаи навбатӣ – бунёди сардхонаҳои муосир ҳамчун технологияи нерусарфакунанда мебошад. Усмонқул Ботуров, муовини роҳбари лоиҳаи GEFF Тоҷикистон ва Баҳровар Асоев хоҷагидори ботаҷриба аз ноҳияи Ҳисор, ки яке аз бенефициарҳои лоихаи GEFF ҳастанд, дар сӯҳбат паҳлуҳои мухталифи бунёди сардхона ва манфиатҳои ин фаъолиятро муҳокима намуданд, аз ҷумла:
- Бунёди сардхонаи муосир ва хароҷотхои он
- Таҷҳизот ва масолеҳи зарурӣ барои бунёди сардхонаи муосир
- Қоидаҳо ва мӯҳлати нигаҳдории маҳсулотҳои гуногун дар сардхона
- Саволҳои умумӣ ва ҷавобҳои мутахассисони мо.
Радио мусоҳибаи #11: Cистемаи обёрии қатрагӣ
Мавзӯи мусоҳибаи радио навбатӣ системаи муосири обёрии қатрагӣ дар боғҳои интенсивӣ буд. Муовини роҳбари лоиҳаи GEFF Тоҷикистон Усмонқул Ботуров ва деҳқони ботаҷриба аз ноҳияи Турсунзода Абдумаҷид Раҷабов, ки яке аз баҳрабардорандагони лоиҳаи GEFF Тоҷикистон аст, ҷанбаҳои гуногуни татбиқи амалии ин технологияро баррасӣ намудаанд, инчунин:
- Тафовут дар байни усули обёрии анъанавӣ ва системаи обёрии қатрагӣ
- Технологияҳои мувофиқ ва манфиатҳои ҳамкорӣ бо GEFF
- Маслиҳатҳои муфид оид ба истифодаи системаи обёрии қатрагӣ
- Саволҳои умумӣ ва ҷавобҳои мутахассисони мо.
Радио мусоҳибаи №12: Гармхонаҳои замонавӣ
Мавзӯи радио мусоҳибаи навбатӣ оиди гармхонаҳои замонавӣ мебошад. Муовини роҳбари лоиҳаи GEFF Тоҷикистон Усмонқул Ботуров, яке аз баҳрабардорандагони лоиҳа, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Нури Хуршед» аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Сироҷиддин Набичонов ва агроном Муҳаммадҷон Эшбадалов мавриди технологияҳои муосири гармхонаҳо фикру ақидаҳои хешро баён намуда, хусусиятҳои татбиқи амалигардонии он ва инчунин масъалаҳои дар зер оварда шударо баррасӣ намуданд:
- Принсипи кори гармхонаҳои муосир
- Манфиатҳои бунёди гармхонаи замонавӣ
- Тавсияҳо оид ба насб ва истифодабарии гармхона
- Саволҳои умумӣ ва ҷавобҳои мутахассисони мо.