enrutj

Дастури «Чӣ гуна бояд ба хизматҳои баҳодиҳӣ дархост пешниҳод кард»

Қадами 1

Пешниҳоди ариза

Барои пайдо кардани маълумот оид ба муайян кардани имкониятҳои сармоягузории Шумо, ки талаботи GEFF ҷавобгӯй ҳастанд, меъёрҳои мувофиқатро пахш кунед. Аризаро пур кунед ва бо дигар ҳуҷҷатҳои лозимаи тасдиқкунанда ба шӯъбаи маҳаллии шарики молиявӣ супоред.

Санҷиши мувофиқати молиявӣ

Шӯъбаи шарики молиявӣ санҷиши мувофиқати молиявии Шуморо санҷида, ҳисоботи баҳодиҳии техникиро аз мутахассисони GEFF дархост мекунад.

Баҳодиҳии мувофиқати техникӣ

Мутахассисони GEFF баҳодиҳии пешакии имкониятҳои сармоягузории сабзро мегузаронанд. Агар лозим бошад мутахассисони GEFF баҳодиҳиро давом дода, ба ҷои фаъолият ташриф меоваранд.

Ҳисоботи баҳодиҳӣ аз тарафи кормандони шӯъбаи шарики молиявӣ дида баромада мешавад.

Баҳодихи молиявӣ ва тасдиқи он

Кормандони шӯъбаи шарики молиявӣ имкониятҳои сармоягузории сабзро аз нуқтаи назари молиявӣ, экологӣ ва ҳуқуқӣ баҳо медиҳанд.

Қадами 2

Шартномаи қарзӣ

Пас аз бомуваффақият анҷом додани қадами аввал, шарики молиявӣ шартномаи қарзиро барои имзои Шумо омода мекунад.

Пешниҳоди маблағ

Пас аз ба имзо расидани шартномаи қарзӣ, маблағ барои истифодаи технологияи интихобкардаи Шумо омода мешавад.

Татбиқи технология

Технологияро барои тиҷорати худ татбиқ намоед ва ҳама ҳуҷҷатҳои дахлдор, инчунин сертификатҳо, ҳуҷҷати кафолат, шартномаи таъмир ва ҳуҷҷати тасдиқи харидро омода созед (барои санҷиш лозим аст). Агар нақшаи сармоягузории Шумо тағйир ёбад, пас доир ба технологияҳо ва хизматҳои дигаре, ки қаблан баҳо дода нашудаанд, фавран бо шӯъбаи молиявӣ ва гурӯҳи мутахассисони GEFF тамос гиред.

Қадами 3

Дархости санҷиш

Пас аз насби технология ва ба кор даровардани он, лутфан, шакли дархости санҷиши верификатсияро пур кунед ва бо ҳуҷҷатҳои тасдиқунанда, ки дар қадами 2 номбар карда шудааст, ба шӯъбаи шарики молиявӣ ирсол намоед.

Санҷиши верификатсионӣ

Мутахасcисони GEFF технологияи татбиқкардашуда ва кори самараноки онро месанҷанд (ташриф ва санҷиши он лозим шуданаш мумкин).

Пардохти грант

Агар лоиҳаи Шумо барои гирифтани грант мувофиқ аст ва санҷиши верификатсиониро  бомуваффақият гузашт, пас шӯъбаи шарики молиявӣ дар давоми 1 моҳ пас аз верификатсия грантро ба Шумо омода мекунад. Технологияи татбиқкардаи Шумо баъдан ба яке аз таҷрибаҳои муваффақи GEFF Тоҷикистон табдил магардад.