enrutj

Дастури "Чӣ гуна бояд барои маблағгузории технология муроҷиат кард"

Қадами 1

Интихоби технологияҳо

Селектори технологияҳо сабзро барои интихоби технология ва таҷҳизотҳои мувофиқ истифода баред ва таснифоти техникии истеҳсолкунандаро, ки талаботҳои ҳадди ақали корро тасдиқ мекунанд, ба даст оред.

Пешниҳоди ариза

Аризаро пур кунед (инчунин дар ташкилоти молиявӣ мавҷуд аст) ва дар якҷоягӣ бо ҳуҷҷатҳои дар қадами қаблӣ гирифташуда ба шӯъбаи маҳаллии шарики молиявӣ супоред.

Санҷиши мувофиқати молиявӣ

Шуъбаи шарики молиявӣ мувофиқати молиявии Шуморо месанчад ва санҷиши мувофиқати техникиро дархост мекунад.

Санҷиши мувофиқати техникӣ

Меъёрҳои техникии таҷҳизоти интихобшуда бо Селектори технологияҳои сабз санҷида мешаванд.

Қадами 2

Шартномаи қарзӣ

Пас аз бомуваффақият анҷом додани қадами аввал, шарики молиявӣ шартномаи қарзиро барои имзои Шумо омода мекунад.

Пешниҳоди маблағ

Пас аз ба имзо расидани шартномаи қарзӣ, маблағ барои истифодаи технологияи интихобкардаи Шумо омода мешавад.

Татбиқи технология

Технологияро барои тиҷорати худ татбиқ намоед ва ҳама ҳуҷҷатҳои дахлдор, инчунин сертификатҳо, ҳуҷҷати кафолат, шартномаи таъмир ва ҳуҷҷати тасдиқи харидро омода созед (барои санҷиш лозим аст).

Қадами 3

Дархости санҷиш

Пас аз насби технология ва ба кор даровардани он, лутфан, шакли дархости санҷиши верификатсияро пур кунед ва ба шӯъбаи шарики молиявӣ ирсол намоед.

Санҷиши верификатсионӣ

Мутахассисони GEFF технологияи татбиқкардашуда ва кори самараноки онро месанҷанд (ташриф ва санҷиши он лозим шуданаш мумкин).

Пардохти грант

Агар лоиҳаи Шумо барои гирифтани грант мувофиқ аст ва санҷиши верификатсиониро бомуваффақият гузашт, пас шӯъбаи шарики молиявӣ дар давоми 1 моҳ пас аз верификатсия грантро ба Шумо омода мекунад. Технологияи татбиқкардаи Шумо баъдан ба яке аз таҷрибаҳои муваффақи GEFF Тоҷикистон табдил магардад.