Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд бо Фонди Иқлими Сабз ба Бонки Арванд захираҳои молиявӣ ба маблағи 2 миллион доллари ИМА барои дастгирии қарзии ширкатҳои хурди бахши хусусии Тоҷикистонро, ки ба ҳалли технологияҳои сабз сармоягузорӣ мекунанд, ҷудо менамояд. Ин боиси таҳияи як қатор тренингҳо оид ба баланд бардоштани малакаи коршиносони Бонки Арванд гардид. Дар тренингҳо маълумоти мукаммал оид ба меъёрҳои мутобиқати лоиҳа ва санҷиши портфел, расмиёти сармоягузории сабз ва таҳрири қарзҳо, соҳаҳои мақсаднок, пешниҳод ва роҳҳои ба даст овардани мизоҷон дода шуданд, ки ба коршиносони бонк имкон медиҳанд, ки иқтидори иқтисодии захираҳои гуногунро муайян намуда, ба мизоҷон дар бораи чораҳои имконпазир машваратҳо диҳанд ва расонидани дастгирии минбаъда дар арзёбӣ ва татбиқи лоиҳа. Инчунин дар давоми тренингҳо Селектори Технологияҳои Сабз (GTS) – рӯйхати технологияҳо ва маводҳои баландсифат, ки барои дастрасии дастгирии молиявии GEFF мувофиқ мебошанд ва қаблан тасдиқ карда шуданд, пешниҳод карда шуданд.
Ва дар ниҳоят, дар давраи пандемияи Covid 19, мутахассисони лоиҳаи GEFF тавассути плафтормаи Zoom барои филиали Бонки Арванд дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаи баландкӯҳ, ки қариб нисфи кишварро дар бар мегирад ва дар он ҷо ҳузури ташкилотҳои молиявӣ маҳдуданд, тренинги онлайн гузаронд.