Бонки Эсхата дар доираи лоиҳаи GEFF Тоҷикистон барои қарздиҳӣ ба деҳқонон ва соҳибкороне, ки ба технологияҳои сабз сармоягузорӣ мекунанд, созишномаи қарзӣ ба имзо расонид. Яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳа такмили малакаи дониши мутахассисони Бонки Эсхата дар таблиғи технологияҳои мувофиқи GEFF Тоҷикистон мебошад. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо, як гурӯҳи мушовирони лоиҳа барои роҳбарони сатҳи миёнаи филиалҳо ва саридора – Коршиносони қарзӣ ва Менеҷерони Бонки Эсхата тренингҳо гузарониданд.
Дар ҷараёни тренинг, маълумоти мукаммал оид ба меъёрҳои мутобиқат ба дархостҳо, тартиботи таҳрири қарзҳо, бахшҳои мақсаднок, усулҳои фурӯш ва дарёфти ммизоҷон пешниҳод карда шуд. Инчунин Селектори Технологияи Сабз (СТС) муаррифӣ шуд, афзалиятҳо ва он чӣ гуна метавонад барои шарикони молиявӣ ва ммизоҷон дар Тоҷикистон муфид бошад. СТС – як платформаи қулай аст, ки дар он технологияҳо ва маводҳои баландсифати ҷамъоваришуда, ки қаблан тасдиқ шудаанд ва барои маблағгузории БАТР аз шарикон ташкилотҳои молиявии маҳаллӣ тибқи барномаҳои маблағгузории сабз қобили қабуланд, ҷамъ оварда мешаванд ва ин як воситаи муассир барои интихоби таъминкунандагон ва технологияҳои сабз мебошадд. Диққати махсус ба расмиёти тафтиш ва пардохти ҳавасмандгардонӣ дода шуд. Гурӯҳи мутахассисон инчунин якчанд таҷрибаҳои муваффақ ва видеомаводҳои мизоҷонро, ки қаблан дар доираи лоиҳаи GEFF Тоҷикистон маблағгузорӣ шуда буданд, пешниҳод намуданд.
Инак чанд фикру мулоҳизаҳои коршиносони қарзии Бонки Эсхата:
Далер Гурезов, Коршиноси қарзии филиали Ёвон «Оғози лоиҳаи GEFF дар Бонки Эсхата дар соли 2021 тадбири саривақтӣ мебошад, зеро талабот ба қарзҳои сабз дар байни деҳқонон ва агробизнес зиёд аст».
Юсуф Уроков, Коршиноси қарзии филиали Ҳисор «Деҳқонон ва агробизнес ба технологияҳои муосири самарабахш таваҷҷӯҳ доранд, то даромад ва устувории худро ба тағирёбии иқлим афзоиш диҳанд».