Трактори кам масрафкунандаи энергия барои баланд бардоштани маҳсулнокии хоҷагӣ
Шамсихол Султонова деҳқонзанест, ки дар деҳаи Айвоҷи минтақаи ҷануби Тоҷикистон маъруф аст. Вай 15 гектар замин дорад ва 20 гектар замини иловагиро иҷора мегирад, ки дар он пахта кишт мекунад ва 20 нафар коргари доимиро бо кор таъмин менамояд, ки беш аз нисфи онҳоро занон ташкил мекунанд. То ин замон вай барои коркарди замин ва парвариши маҳсулот техникаро иҷора мегирифт, ки аксари вақтҳо боэътимод набуд.
Барои бартараф намудани ин душворихо Шамсихол Султонова ба яке аз бонкҳои шарики БАТР барои гирифтани қарз дар доираи лоиҳаи GEFF дар ҳаҷми 18983 доллари ИМА муроҷиат кард. Маблағи гирифтаро Шамсихол Султонова ба трактори нави замонавӣ ва кам масрафкунандаи энергия, модели МТЗ 80Х маблаггузорӣ кард. Каммасрафии трактор имконият медихад, ки истифодаи сӯзишвории дизелӣ ҳадди ақал 20% коҳиш ёбад.
Трактор барои шудгор, тайёр кардани хок, кишт, андохтани нуриҳои минералӣ ва коркарди байни қаторхо истифода мешавад.
Шамсихол Султонова инчунин ба гранти сармоягузории 30% аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дастрасӣ дорад ва ин кор ба вай имкон медиҳад, ки арзиши маблағгузориро коҳиш диҳад.
“Бо афзоиши даромад ман дар нақша дорам, ки зироатҳои гуногун парвариш намуда, аз кишварҳои ҳамсоя, ба мисли Ӯзбекистон, тухмии хушсифат ворид кунам. Ҳамчунин ман ният дорам, ки шумораи бештари занонро ба кор ҷалб кунам ва дар ҳалли мушкили шуғли занон дар деҳот саҳм гузорам” – мегӯяд Шамсиҳол Султонова.
GEFF Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, Хазинаи Иқлими Сабз ва Кореяи ҷанубӣ дастгирӣ мешавад.
GEFF Тоҷикистон [Занҷираҳои арзиши иловагӣ дар соҳаи кишоварзӣ] ба деҳқонон ва корхонаҳои агросаноатии Тоҷикистон дар ҷорисозии роҳҳои ҳалли технологӣ, ки метавонанд рақобатпазирии занҷираҳои арзиши иловагиро дар соҳаи кишоварзӣ беҳтар гардонанд, кӯмак мерасонад. Барнома чорабиниҳои гендериеро дастгирӣ мекунад, ки ба баланд бардоштани имкониятҳои баробари занон ва мардон дар дастрасӣ ба маблағгузорӣ барои технологияҳои сабз нигаронида шудаанд.