enrutj

Зани меҳнаткаш: таҷрибаи самараноки обёрии замин бо дастгирии GEFF II Тоҷикистон ва Бонки «Ҳумо»

Сармоягузор
Соҳибкори инфиродӣ

Зани меҳнаткаш: таҷрибаи самараноки обёрии замин бо дастгирии GEFF II Тоҷикистон ва Бонки «Ҳумо»

Валиева Шоира Абдурахмоновна, сокини ноҳияи Қубодиён, Ҷамоати деҳоти Сангин, деҳаи Чкалов, зани меҳнатдӯст ва ботадбир буда, солҳо боз ба фаъолияти растанипарварӣ ва чорвопарварӣ машғул аст. Бо меҳнати пайваста ӯ хоҷагии деҳқонии худро рушд дода, саҳми арзанда дар таъмини оила ва иқтисоди маҳаллӣ мегузорад.

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти кишоварзӣ ва беҳтар намудани истифодаи захираҳои об, моҳи майи соли 2025 ӯ ба бонки «Ҳумо» барои гирифтани қарз муроҷиат намуд. Дар доираи барномаи GEFF II Тоҷикистон, Валиева Шоира Абдурахмоновна ба маблағи 50 000 сомонӣ қарзи «сабз» гирифта, барои хариди қубурҳои пластикии обёрӣ истифода бурд.

Қубурҳо дар қитъаи замини 1 гектар, ки дар он юнучқа кишт шудааст, насб гардида, имконият фароҳам оварданд, ки обёрӣ ба таври самаранок ва бо талафи кам анҷом дода шавад. Ин иқдом ба беҳтар шудани ҳолати зироатҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои об мусоидат намуд.

Айни ҳол мизоҷ фаъолияти худро бо самаранокӣ идома дода, дар оянда ният дорад техникаи кишоварзии МТЗ (трактор) харидорӣ намуда, ҳаҷми фаъолияти худро боз ҳам васеъ намояд. Ӯ ба бонки «Ҳумо» ва кормандони он барои дастгирӣ изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ дар оянда таъкид мекунад.