Сармоягузорӣ ба боғ дар нишебӣ барои баланд бардоштани маҳсулоти хоҷагӣ ва сатҳи даромад
Кароматулло Исматов 3,8 гектар заминро идора мекунад ва 20 сол аст, ки ба фаъолияти кишоварзӣ машғул мебошад. Хоҷагии деҳққонии вай дар ноҳияи Турсунзода вокеъ аст, ки ин миинтақа бо токзорҳои худ машҳур аст. Бо дарназардошти афзалиятҳои нисбии парвариши ангур дар ин минтақа, ӯ тасмим гирифт, ки барои бунёди токзор 1 га замин ҷудо кунад.
Кароматулло Исматов барои гирифтани қарз ба яке аз бонкҳои шарики Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) муроҷиат кардааст. Ҳамин тавр, Кароматулло Исматов барои харидани ниҳолҳо ва шинондани онҳо қарз гирифт. Мувофики ҳисобхои пешакии деҳқон, барои бори аввал ба ҳосил даромадани ток 4—5 сол лозим аст ва иқтидори ҳосил аз ҳар гектар ба 20 тонна мерасад. Дар байни қаторхои ангур вай юнучқаю тарбуз ҳам коштааст, то баъзе хароҷотро пӯшонад.
Боғи навбунёд эрозияи хок ва лағзиши заминро, ки дар гузашта манзилҳои деҳаро дар доманаи теппа хароб карда буд, пешгирӣ мекунад. Лоиха эрозияи хокро дар як сол то 5,4 тонна коҳиш медиҳад.
Барои Кароматулло Исматова инчунин гранти сармоягузорӣ ба андозаи 30% аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо низ дастрас аст ва ба ӯ имкон медиҳад, ки арзиши маблағгузориро кам кунад.
“Ин сармоягузориҳо дар пешгирии эрозияи хок ва таъмини солимии замин барои кишоварзӣ хеле муҳим аст. Боғи нав дар нишебӣ бехатарӣ ва истифодаи минбаъдаи заминҳои лалмиро дар доманаи теппаҳо таъмин мекунад” – гуфт Кароматулло Исматов.
GEFF Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, Хазинаи Иқлими Сабз ва Кореяи ҷанубӣ дастгирӣ мешавад.
GEFF Тоҷикистон [Занҷираҳои арзиши иловагӣ дар соҳаи кишоварзӣ] ба деҳқонон ва корхонаҳои агросаноатии Тоҷикистон дар ҷорисозии роҳҳои ҳалли технологӣ, ки метавонанд рақобатпазирии занҷираҳои арзиши иловагиро дар кишоварзӣ беҳтар гардонанд, кӯмак мерасонад.