enrutj

Саломов Абдулҳафиз Ҳамидович: рушди инфрасохтори аграрӣ бо дастгирии GEFF II Тоҷикистон ва Бонки «Арванд»

Сармоягузор
(English) Individual Entrepreneur

Саломов Абдулҳафиз Ҳамидович аз соли 2000 инҷониб ба фаъолияти кишоварзӣ машғул мебошад. Ӯ соҳиби 7 гектар замини кишт буда, аз он 6 гектар боғи ангур ва қисми боқимонда замини кишти зироатҳо мебошад. Маҳорати деҳқониро аз падари худ омӯхта, солҳои зиёд фаъолияти хоҷагии худро рушд додааст.

Бо мақсади беҳтар намудани шароити нигоҳдории маҳсулот ва баланд бардоштани арзиши иловагӣ, мизоҷ бори аввал аз ҶСП «Бонки Арванд» қарз гирифта, дар ҳавлии истиқоматиаш 4 адад сардхонаи калон бунёд намуд. Айни замон сардхонаҳо фаъолият дошта, барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ истифода мешаванд. Аз ҳисоби даромади хоҷагии деҳқонӣ ва фаъолияти сардхонаҳо, қарз пурра пардохт гардид.

Бо дарназардошти таҷрибаи муваффақ, соҳибкор дар доираи барномаи GEFF II Тоҷикистон бо дастгирии Бонки «Арванд» боз маблағгузорӣ дар ҳаҷми 1 миллион сомонӣ ҷалб намуда, дар масоҳати 1 гектар гармхона бунёд кард.

Айни замон гармхона фаъол буда, барои парвариши помидор ва бодиринг истифода мешавад. Лоиҳа имкон медиҳад истеҳсоли маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол таъмин гардида, даромаднокии фаъолияти хоҷагӣ афзоиш ёбад ва рушди устувори агробизнес таъмин шавад.