Усмонов Далер дар шаҳри Турсунзода фаъолияти соҳибкории худро дар ду самт пеш мебарад. Аз соли 2014 ӯ дар бозори марказии шаҳр бо хариду фурӯши дорувории бойторӣ машғул буда, фаъолияти худро бо маблағи 50 000 сомонӣ ҳамроҳи устодаш, ки доктори бойторӣ мебошад, оғоз намудааст.
Ҳамзамон, ӯ ба хоҷагии деҳқонӣ низ машғул мебошад. Шавқу ҳавас ба кишоварзиро аз хурдсолӣ аз падари худ омӯхтааст. Соли 2020 фаъолияти хоҷагии деҳқониро дар масоҳати 1 гектар расман оғоз намуда, ҳар сол помидор ва бодиринг парвариш мекунад.
Бо сабаби он ки дар фасли зимистон кишти помидор ва бодиринг имконнопазир мебошад, масъалаи истеҳсоли маҳсулот дар тӯли сол ба миён омад. Бо мақсади таъмини истеҳсоли доимӣ ва баланд бардоштани даромаднокӣ, соҳибкор тасмим гирифт гармхона бунёд намояд.
Лоиҳа бо истифода аз маблағгузории «сабз» дар доираи барномаи GEFF II Тоҷикистон ва бо дастгирии Бонки «Арванд» амалӣ гардид. Бо шарофати ин дастгирӣ гармхона сохта шуда, айни ҳол фаъолияти худро оғоз кардааст.
Татбиқи лоиҳа ба соҳибкор имкон медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро дар тамоми фаслҳои сол ба роҳ монад, самаранокии фаъолияти худро баланд бардорад ва рушди устувори хоҷагии худро таъмин намояд.
