Системаи заҳбур барои кам кардани хавфи аз ҳад зиёд об додани зироатҳо
Балхумор Менглиқулова як хоҷагии 5 гектариро идора карда, дар он гандуму пахта ва сабзавот мекорад. Ин хоҷагӣ дар ноҳияи Ёвон, дар ҷануби Тоҷикистон ҷойгир аст. Бо сабаби баланд шудани сатҳи обҳои зеризаминӣ, хоҷагиҳои деҳқонии ин минтақа бо хавфи аз ҳад зиёд обёрӣ шудани зироат ва шӯразоршавии заминҳо дучоранд. Ин ҳолат ба нашвунамои растанихо ва сифати об таъсир расонда, боиси паст шудани ҳосил мегардад.
Балхумор Менглиқулова ба дастаи GEFF Тоҷикистон муроҷиат кард ва барои 1550 метр системаи заҳбур (обпарто), ки оби зиёдатиро берун партояд ба маблағи 4125 доллари ИМА қарз гирифт. Дар натиҷа ҳар моҳ 633 м3 об сарфа мешавад.
Ғайр аз ин, оби чамъшударо дигар хоҷагиҳое, ки дар поёноби канал ҷойгиранд, метавонанд дубора истифода кунанд. Заҳбур бар зидди сел низ ҳамчун садд истифода мешавад.
Мо аз коршиносии техникии дастаи GEFF дар ҳалли мушкилоте, ки мо дар хоҷагӣ дучор мешавем, сипосгузорем. Ба шарофати ин роҳи ҳал ман ҳоло метавонам обро сарфа намуда, сифати зироатҳои худро беҳтар созам ва онҳоро дар бозор бо нархи беҳтар фурӯшам” – нақл кард Балхумор Менгликулова.
GEFF Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, Хазинаи Иқлими Сабз ва Кореяи ҷанубӣ дастгирӣ мешавад.
GEFF Тоҷикистон [Занҷираҳои арзиши иловагӣ дар соҳаи кишоварзӣ] ба деҳқонон ва корхонаҳои агросаноатии Тоҷикистон дар ҷорисозии роҳҳои ҳалли технологӣ, ки рақобатпазирии занҷираҳои арзиши иловагиро дар соҳаи кишоварзӣ ба деҳқонон ва бахши агробизнес метавонанд беҳтар гардонанд, кӯмак мерасонад. Барнома чорабиниҳои вобаста ба масъалаҳои гендериеро дастгирӣ мекунад, ки ба баланд бардоштани имкониятҳои баробар барои занон ва мардон ҷиҳати дастрасӣ ба маблағгузорӣ барои технологияҳои сабз нигаронида шудаанд.