enrutj

Эргапиев Нишонбой соҳаи кишоварзиро бо кумаки технологияи сабз чӣ тавр инкишоф медиҳад

Сармоягузор
Соҳибкори инфиродӣ

Бо таҷҳизоти муосир баланд бардоштани маҳсулнокӣ

Эргапиев Нишонбой бахши кишоварзиро бо технологияи сабз инкишоф медихад

Эргапиев Нишонбой Пардобоевич деҳқони меҳнатдӯсте аз минтақаи шимоли Тоҷикистон буда, 5 сол боз ба фаъолияти кишоварзӣ машғул аст. Дар 2 га қитъаи худ тарбуз парвариш мекунад ва кайҳост, ки худро хамчун деҳқони боэътимоду масъулиятшинос нишон дода, ба сифати ҳосил ва коркарди агротехникӣ аҳамияти бузург медихад.

Нишонбой дар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳал барои баланд бардоштани ҳосил ва беҳгардонии системаи обёрӣ ба бонки “Арванд”, шарики барномаи GEFF муроҷиат кард ва ба мӯҳлати 24 моҳ маблағи 150 000 сомонӣ қарзи сабз гирифт. Ин маблағ барои хариди 6 300 метр лӯла истифода шуд, ки он воситаи асосии системаи устувор ва мӯътадили обтаъминкунӣ мебошад ва барои нашвунамои растанихо шароити оптималиро фароҳам меорад.

Қайд кардан муҳим аст, ки муштарӣ аллакай бо дигар муассисаҳои молиявӣ таҷрибаи мусбати ҳамкорӣ дошт. Вале маҳз хамкорӣ бо «Арванд» нуқтаи гардиш шуд ва Нишонбой тавонист, ки марҳилаи нави муосирсозии хоҷагиро оғоз намояд. Қарзи гирифтааш ба вай имкон дод, ки на танхо заминро сари вакт обёрӣ кунад, балки дар оянда ҳам вусъат додани фаъолияти кишоварзиро ба нақша гирад.

“Ман хушнудам, ки маҳз бо бонки “Арванд” ҳамкориро оғоз кардам. Ин ҳамкорӣ на танҳо барои устувор шудани хоҷагии ман кумак кард, балки дастгириро ба пешрафти мо дар соҳаи кишоварзӣ низ идома медиҳад” – мегӯяд Нишонбой.

Таърихи фаъолияти деҳқонии Нишонбой намунаи равшани он аст, ки чӣ тавр дастгирии дурусти молиявӣ ва дастрасӣ ба технологияҳои сабз метавонанд ба соҳибкорони деҳот имкон диҳанд, ки тиҷорати устуворро инкишоф диҳанд, фишор ба захираҳои табииро коҳиш диҳанд ва дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳм гузоранд.

Чаро ин муҳим аст:

  • Баланд бардоштани самаранокии обёрӣ тавассути лӯлаҳои муосир
  • Имконияти вусъат додани хоҷагӣ
  • Дастгирии муосирсозии фаъолияти кишоварзӣ
  • Таҳкими амнияти озуқавории минтақа.