enrutj

Деҳқони ботаҷриба ба шарофати гармхонаи замонавӣ истеҳсоли сабзавотро афзоиш медиҳад

Сармоягузор
Деҳқон
Макон
Турсунзода, Тоҷикистон
Сармоягузорӣ
Гармхона бо системаи обёрии қатрагӣ
Ҳаҷми сармоягузорӣ
US$ 6198
Натиҷаи молиявӣ
Мӯҳлати баргардонидан 2 сол
Сарфаи об
1260 м3/сол
Коҳиш додани партовҳои CO2
9 кг/сол
Донорҳо
ИА, ХИС, Кореяи Ҷанубӣ

Як деҳқони тоҷик барои афзоиши истеҳсоли помидору бодиринг дар баробари коҳиши масрафи об ба гармхона сармоягузорӣ кардааст.

Абдурасул Ҷалилов аз ноҳияи Турсунзода бо таҷрибаи беш аз 20 соли кишоварзӣ ҳамроҳ бо хонаводааш ба парвариши сабзавот, аз қабили помидор, бодиринг, картошка, сабзӣ ва пиёз машғул аст.

Бо сабаби зиёд будани талабот ба сабзавоти гармхонаӣ, деҳқон тасмим гирифт, ки ду гармхона бо масоҳати умумии 600 м2 барои парвариши бодирингу помидор бунёд намояд. Ӯ ба яке аз бонкҳои шарики БАТР муроҷиат кард ва дар доираи лоиҳаи GEFF барои бунёди гармхонаҳои замонавӣ қарз гирифт.

Сармоягузорӣ ба андозаи 6198 доллари ИМА имкон медиҳад, ки даромади хочагӣ зиёд ва масрафи об дар як сол ба 1260 м3 кам карда шавад. Илова бар ин, Абдурасул Ҷалилов ва бародаронаш дар гармхонаҳо равиши муосири истифодаи нуриҳои минералӣ, мубориза бо алафҳои бегона, бемориҳо ва ҳашароти зарароварро татбиқ мекунанд.

Абдурасул Ҷалилов инчунин ба гранти сармоягузории 20% аз Иттиҳоди Аврупо дастрасӣ дорад ва ин кор ба ӯ имкон медиҳад, ки арзиши маблағгузориро коҳиш диҳад.

“Моро хуб мешиносанд, зеро мо донишҳои техникиро дар мубориза бо бемориҳои сабзавот бомуваффақият истифода мебарем. Дар гармхонаи худ кушиш мекунем, ки дар аввали баҳор ниҳолҳои хушсифат ва солим парвариш карда, ба дигар кишоварзон фурӯшем” – мегӯяд Абдурасул Ҷалилов.

GEFF Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, Хазинаи Иқлими Сабз ва Кореяи ҷанубӣ дастгирӣ мешавад.

GEFF Тоҷикистон [Занҷираҳои арзиши иловагӣ дар соҳаи кишоварзӣ] ба деҳқонон ва корхонаҳои агросаноатии Тоҷикистон дар ҷорисозии роҳҳои ҳалли технологӣ, ки метавонанд рақобатпазирии занҷираҳои арзиши иловагиро дар соҳаи кишоварзӣ беҳтар гардонанд, кӯмак мерасонад.