Баланд бардоштани маҳсулнокӣ аз истифодаи таҷҳизоти муосир
Дусмурод Бакшиев дар оилаи деҳқон дар деҳаи Доккии ҷамоати Истиқлоли ноҳияи Қубодиён ба дунё омадааст. Вай аз хурдсолӣ ба меҳнат ва масъулиятшиносӣ одат карда ба падараш дар корҳои боркашонӣ кумак мекардааст. Пас аз хатми мактаби миёна шаҳодатномаи ронандагиро гирифта ба кори логистика шурӯъ менамояд ва ҳамзамон хоҷагии ёрирасони шахсиашро пеш мебарад.
Соли 2021 оилаи Бакшиевҳо бори аввал дар бораи имкониятҳои ташкилоти маблағгузории хурди “Ҳумо” маълумот пайдо карданд. Дар ибтидо бародари Дӯсмурот барои рушди хоҷагии деҳқонӣ қарз гирифт ва сипас Дӯсмурот низ ба барномаҳои дастгирӣ таваҷҷуҳ кард. Бо дидани он ки то чӣ андоза бо кумаки молӣ ва таҷҳизоти зарурӣ тиҷорати оилавиро ба таври муассир рушд додан мумкин аст, Дӯстмурот тасмим мегирад, ки барои харидани техникаи махсуси кишоварзӣ муроҷиат кунад.
Моҳи ноябри соли 2024 бо дастгирии барномаи GEFF-II, вай барои харидани мотокултиватор (мехлопата) 200 000 сомонӣ дарёфт мекунад. Ин таҷҳизот дар механизатсиясозии корҳо иқдоми муҳим гардид: бо ёрии он коркарди замин, тоза кардани каналхо ва гузарондани корҳои кишткунӣ осон шуд. Дӯсмурот самти чорводориро низ инкишоф дода, устувории хоҷагии худро баланд мебардорад.
“Мо ҳама корҳоро пештар дастӣ иҷро мекардем – ҷӯй мекандем, замин шудгор мекардем. Ҳоло бо техника ҳама чиз тезтар ва осонтар шуд. Кам хаста мешавем ва ба иҷро кардани кори бештар вақт дорем” – нақл мекунад ӯ.
Дар натиҷаи истифода бурдани технологияи сабз хароҷоти меҳнат кам, маҳсулнокӣ зиёд ва даромади оила устувортар гардид. Бакшиев ба аҳолии деҳа фаъолона хизмати нақлиётӣ мерасонад ва ба вусъатдиҳии кори худ идома медиҳад. Ӯ ба «Ҳумо» барои дастгириашон самимона изҳори сипос мекунад ва рушди минбаъдаро бо истифода аз равишҳои муосири кишоварзӣ ба нақша мегирад.
Қиссаи Дӯсмурот қиссаи шахси ташаббускор аст, ки барои ба пеш гузоштани қадам наҳаросид ва роҳи устувори рушдро барои худ кашф кард.
