enrutj

Чӣ тавр Холбека Амирова технологияҳои “сабз”-ро ҷорӣ кард ва зиндагии худро тағйир дод

Сармоягузор
Соҳибкори инфиродӣ

Бо таҷҳизоти ҳозиразамон баланд бардоштани маҳсулнокӣ

Чӣ тавр Холбека Амирова технологияҳои “сабз”-ро ҷорӣ кард ва зиндагии худро тағйир дод

Амирова Холбека Темировна мохи июли соли 1958 дар деҳаи Обшорони, ҷамоати Чилдараи шахри Турсунзода таваллуд ёфтааст. Вай аз овони хурдсолӣ ҳамрохи падару модараш дар саҳро кор карда, меҳр ба замин риштаи раҳнамои зиндагиаш шудааст. Пас аз издивоҷ карданаш ӯ ва шавҳараш ба кори деҳқонӣ идома дода, шаш фарзандро ба воя расониданд. Имрӯз ҳамаи онҳо мустақил ва сохиби оилаҳои худ мебошанд.

Дар соли 2016, Холбека дар бораи имкони ба даст овардани кумак барои рушди хоҷагии худ маълумот пайдо кард. Аз ҳамин лаҳза ҳамкории ӯ бо ташкилоти молиявии хурди «Ҳумо» оғоз ёфт. Вай аз қарзҳои хурди мавсимӣ сар карда, тадриҷан ба сармоягузорӣ барои парвариши боғҳои интенсивӣ гузашта, тавонист миқёси фаъолияти худро ба таври назаррас густариш диҳад.

Холбека ба ҷорӣ намудани технологиям хозиразамони кишоварзӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир кард. Дар хоҷагии ӯ системаи обёрии қатрагӣ истифода мешавад, ки ин амал имкон медиҳад, то об махсусан дар мавсими хушкӣ ба таври назаррас сарфа шавад. Вай инчунин техникаи кишоварзии худро ба мошинолоти каммасраф иваз кард, ки дар натиҷа хароҷот коҳиш ёфт ва маҳсулнокӣ афзоиш дода шуд. Дар доираи барномаи GEFF-II вай боғи интенсивиро бо навъҳои нави дарахтони мевадиҳанда бунёд кард.

Натиҷаҳо зуд ба даст омаданд: сифати ҳосил беҳтар шуд, хароҷот коҳиш ёфт ва барои ҷалб намудани коргарони мавсимӣ имконият пайдо гашт. Ба шарофати даромади босубот, оилаи Холбека тавонист, ки шароити зиндагии худро беҳтар созад, фарзандонро дастгирӣ намояд ва бовариро ба оянда таъмин кунад.

“Пештар ҳама корро бо даст иҷро мекардем ва ҳоло бо техника кор осонтар ва тезтар анҷом меёбад. Мехоҳам, ки дигар занон низ аз оғоз кардани кор ҳарос надошта бошанд” – гуфт Хлбека.

Қиссаи Холбека мисоли он аст, ки чӣ тавр қарорҳои устувор ва боварӣ ба худ метавонад на танхо хоҷагӣ, балки тақдири тамоми оиларо тағйир диҳад.