Баланд бардоштани маҳсулнокӣ аз истифодаи таҷҳизоти муосир
Сафар Гургулӣ Хасанов — сарвари хоҷагии деҳқонии «Сафар» аз ноҳияи Ёвон мебошад, ки дар он ҷо бо аҳли оилааш зиндагӣ ва фаъолият мекунад. Ӯ зиёда аз 30 сол таҷрибаи корӣ дар соҳаи аграрӣ дорад. Хоҷагии ӯ 11,19 гектар заминро дар бар мегирад, ки аз он 9,08 гектар заминҳои обёришаванда мебошанд. Зироатҳои асосӣ — пахта, юнучқа ва гандум мебошанд. Ғайр аз растанипарварӣ, Сафар ба дигар деҳқонон хизматрасонии техникӣ низ мерасонад.
Сафар на танҳо сатҳи устувори даромадро ба даст овардааст, балки фаъолияти худро пайваста нав мекунад. Баҳори соли 2025 ӯ ба ташкилоти микродепозитии «Имон Интернешнл» муроҷиат намуда, 82 000 сомонӣ дастгирӣ гирифт ва онро барои хариди прицеп сарф кард, ки ба оптимизатсияи логистика дар хоҷагӣ ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсол мусоидат намуд.
Ин сармоягузорӣ идомаи кори пайдарпай барои рушди устувори хоҷагӣ гардид: қаблан Сафар қарзи 250 000 сомониро бомуваффақият пардохт карда, аз ҷомеаи маҳаллӣ тавсияҳои хуб гирифта буд. Муносибати низомнок, иштироки тамоми аъзои оила ва истифодаи дурусти захираҳо хоҷагии ӯро ба намунаи пешбурди масъулонаи фаъолияти деҳқонӣ табдил додаанд.
«Агар бо ақл ва бо дастгирӣ кор кунӣ, ҳама чиз имконпазир аст. Муҳимаш — аз тавсеа ва ҷорӣ кардани навовариҳо наҳаросидан», — мегӯяд Сафар.
Бо шарофати маблағгузории сабз ва ҳамкории боэътимод, хоҷагии деҳқонии «Сафар» рушд мекунад. Сафар на танҳо ба фаровонии оилааш саҳм мегузорад, балки дар пешрафти соҳаи кишоварзии минтақа низ нақш мебозад ва як модели устувори шоистаи пайравӣ эҷод мекунад.
