Бо таҷҳизоти муосир баланд бардоштани ҳаҷми маҳсулот
Юлдош Абдуллоев бо ёрии технологияи сабз чӣ тавр хоҷагии оилавиро инкишоф медиҳад
Юлдош Абдуллоев, деҳқон аз ҷамоати Зарҳалоли шаҳри Истаравшан аст, ки аз хурдсолӣ ба кори замин ва қадр кардани самараи кори худ одат кардааст. Имрӯз вай роҳбари хоҷагии «Эргашбобо» мебошад, ки беш аз 3 гектар заминро коркард намуда, дар он пиёз, зироатҳои полезӣ ва ғалла кишт мекунад.
Дар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли ба таври устувор баланд бардоштани самаранокӣ, Юлдош тасмим гирифт, ки ба ҷониби технологияҳои сабз рӯ орад. Ҳамкорӣ бо ташкилоти молиявии хурди «Имон Интернешнл», ки он шарики барномаи GEFF мебошад, ба ӯ имкон дод, то маблағ ба даст орад ва технологияҳои муосири кишоварзиро ҷорӣ созад, ки аллакай натиҷаҳои назаррас дода истодаанд.
Яке аз роҳҳои ҳалли асосӣ насби системаи обёрии қатрагӣ буд. Таҷҳизоти нав, яъне лӯлаҳои полиэтиленӣ ва лентахои босифати қатрагӣ имконият дод, то истифодаи ҳаҷми об хеле кам гашта, шароити нашвунамои зироатҳо беҳтар карда шавад. Ин амал ба баландшавии устувори ҳосил мусоидат намуда, вобастагиро ба шароити обу ҳаво коҳиш дод.
Ба ғайр аз ин, Юлдош ба техникаи аз лиҳози энергия каммасрафи кишоварзӣ ва навъхои нави растанихое, ки ба хусусиятҳои иқлимии минтақа беҳтар мутобиқ мешаванд, маблағгузорӣ кард. Ҳамаи ин амалҳо имконият дод, ки меҳнати дастӣ коҳиш ёфта, барои банақшагирии вусъатдиҳии хоҷагӣ вақт пайдо шавад.
Натиҷаи чунин қадамҳо афзоиши даромади оила ва имконияти ба кор гирифтани коргарони мавсимӣ аз ҷомеаи маҳаллӣ буда, ба таъмини шуғл ва рушди устувори деҳот саҳм мегузорад.
Юлдош мегӯяд: “Мо бисёр корҳоро пештар дастӣ иҷро мекардем. Ҳоло ба шарофати обёрии қатрагӣ ва техникаи нав, мо обу қувваи корӣ ва вақтро сарфа мекунем. Барои инкишофдиҳии минбаъдаи хоҷагӣ мо нақшаи возеҳ ва ба оянда боварӣ дорем”.
Хоҷагии деҳқонии “Эргашбобо” як мисоли равшани он аст, ки чӣ тавр дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва технологияҳои муосири кишоварзӣ ба оилаҳои деҳот имкон медиҳад, то фаъолияташонро устувор ва муассир созанд, фишоррро ба захираҳои табиӣ коҳиш диҳанд ва дар таъмини амнияти озуқавории минтақа саҳм гузоранд.
Чаро ин муҳим аст