Деҳқонзан барои афзоиши истеҳсоли помидор ба гармхона сармоягузорӣ кард
Деҳқонзан ба гармхона сармоягузорӣ кард, то истеҳсоли помидорро афзоиш диҳад ва бо кам кардани масрафи об, хоҷагии худро аз лиҳози экологӣ бештар устувор гардонад.
Сайёрахон Тоҷиматова беш аз 20 сол аст, ки сабзавот парвариш мекунад, аз ҷумла помидору бодиринг. Хоҷагии ӯ дар ноҳияи Турсунзода воқеъ буда, бинобар афзоиши тиҷорати марзӣ бо Ӯзбакистон, он босуръат рушд мекунад. Вай ин ҳолатро ҳамчун як фурсат барои инкишоф додани тиҷорати худ медонад.
Сайёрахон Тоҷиматова ба яке аз бонкҳои шарики БАТР барои гирифтани қарз дар ҳаҷми 3094 доллари ИМА муроҷиат намуда, ин маблағро дар гармхонаи 1200 м2 сармоягузорӣ кард. Гармхона ба ӯ имкон медиҳад, ки тақрибан 3000 ниҳоли помидор парвариш кунад, ки дар натиҷа ҳосилнокӣ 140%, яъне аз 2500 кг ба 6000 кг зиёд шуд.
Сармоягузорӣ ҳам барои ҳосилнокӣ ва ҳам барои муҳити зист муфид аст. Дар як сол хеле кам шудани масрафи об – 1980 м3 пешбинӣ мешавад.
Сайёрахон Тоҷиматова инчунин ба гранти сармоягузории 20% аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дастрасӣ дорад.
“Ин сармоягузориҳо ҳам дар кӯтоҳмуддат ва ҳам дар дарозмуддат таъсири мусбатро эҷод мекунанд. Пас аз ҷамъоварӣ кардани ҳосили фаровон, ба ғайр аз бозорҳои маҳаллӣ, ман метавонам бо супермаркетҳои Душанбе ҳамкорӣ кунам” – гуфт Сайёрахон Точиматова.
GEFF Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, Хазинаи Иқлими Сабз ва Кореяи ҷанубӣ дастгирӣ мешавад.
GEFF Тоҷикистон [Занҷираҳои арзиши иловагӣ дар соҳаи кишоварзӣ] ба деҳқонон ва корхонаҳои агросаноатии Тоҷикистон дар ҷорисозии роҳҳои ҳалли технологӣ, ки метавонанд рақобатпазирии занҷираҳои арзиши иловагиро дар соҳаи кишоварзӣ беҳтар гардонанд, кӯмак мерасонад. Барнома фаъолиятҳои гендериеро дастгирӣ мекунад, ки ба баланд бардоштани имкониятҳои баробар барои занон ва мардон ҷиҳати дастрасӣ ба маблағгузорӣ барои технологияҳои сабз нигаронида шудаанд.