Системаи обёрӣ барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва сарфаи об
Зани соҳибкор аз Тоҷикистон ба системаи обёрӣ аз ПВХ сармоягузорӣ кард, то ба манбаъҳои об барои обёрии замин ҳамеша дастрасӣ дошта бошад ва ҳосили зироатҳоро афзоиш диҳад.
Хосият Шокирова 5 гектар замин дорад, ки дар он бо аъзои оилааш кор мекунад ва барои кори мавсимӣ ҳамсояҳоро киро мекунад. Тақрибан 70%-и коргарон зан мебошанд, ки дар корҳои кишт, парвариш ва ҷамъоварии ҳосил кӯмак мекунанд. Хоҷагии деҳқонии ӯ ба номи “А.Қодиров” соли 1996 таъсис ёфта, дар ноҳияи Деваштич ҷойгир аст. Дар заминҳои хоҷагӣ онҳо пиёз, картошка, тарбуз ва ғайраҳоро парвариш мекунад. Аз сабаби заиф будани системаи обёрӣ, деҳқонони маҳаллӣ аз иқтидори замин пурра истифода бурда наметавонанд ва ба ҳамин хотир Хосият Шокирова тасмим гирифтааст, ки дар бартараф кардани норасоии об маблағро барои харидани лӯлаҳои пластикӣ харҷ кунад.
Бо ҳамин мақсад вай аз Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) маблағи 1769 доллари ИМА қарз гирифта, дар 5 гектар замини кишоварзӣ лӯлаҳои пластикии қутри 125 миллиметрӣ харида насб кардааст.
Системаи нави обёрӣ хоҷагии вайро ба таври босубот бо оби полезӣ таъмин кард. Мавсими фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ тирамоҳ оғоз мешавад ва ӯ аксар вақтҳо ҳосили худро аз сари замин мефурӯшад. Вай имсол 20% афзоиши ҳосилро интизор аст ва ин махсусан дар давраи пандемия, ки даромади мардум коҳиш ёфтааст ва маҳсулоти кишоварзӣ ба миқдори зиёд харидорӣ намешавад, эҳсосшаванда мебошад.
Дастрас будани гранти сармоягузории Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар ҳаҷми 20% ба кам кардани хароҷоти маблағгузорӣ мусоидат мекунад.
“Ман дар бораи бартариҳои ин технология аз маъракаи маркетингии Бонк фаҳмидам ва дастгирии грантии GEFF маро ба сармоягузорӣ дар системаи обёрӣ ҳавасманд кард. Баъзе ҳамсояҳои ман низ ба сармоягузориҳои шабеҳ таваҷҷӯҳ доранд. Ягона мушкилот ба офатҳои табиӣ рабт дорад, ки метавонад ба рушди устувори кишоварзӣ монеа шавад” – гуфт Хосият Шокирова.
GEFF Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, Хазинаи Иқлими Сабз ва Кореяи ҷанубӣ дастгирӣ мешавад.
GEFF Тоҷикистон [Занҷираҳои арзиши илова дар соҳаи кишоварзӣ] ба деҳқонон ва корхонаҳои агросаноатии тоҷик дар ҷорисозии роҳҳои ҳалли технологӣ, ки метавонанд рақобатпазирии занҷираҳои арзиши иловагиро дар соҳаи кишоварзӣ беҳтар гардонанд, кӯмак мерасонад. Барнома чорабиниҳои мушаххаси гендериро дастгирӣ мекунад, ки ба беҳгардонии имкониятҳои баробари занон ва мардон барои дастрасӣ ба маблағгузорӣ дар технологияҳои сабз нигаронида шудаанд.