enrutj

Механизатсияи хоҷагии деҳқонӣ ба деҳқони тоҷик имкон медиҳад, ки зардолуи хушкро содирот кунад

Сармоягузор
Хоҷагии деҳқонии “Гуломчон”
Макон
Б. Ғафуров, Тоҷикистон
Сармоягузорӣ
Трактор
Ҳаҷми сармоягузорӣ
US$ 12376
Натиҷаи молиявӣ
Мӯҳлати баргардонидан 11 моҳ
Сарфаи энергия
92 ГҶ/сол
Коҳиш додани партовҳои CO2
6768 кг/сол
Донорҳо
ИА, ХИС, Кореяи Ҷанубӣ

Трактори кам масрафкунандаи энергия дар баланд бардоштани маҳсулнокии хоҷагӣ кумак мекунад

Ғуломҷон Исмоилов дар ноҳияи Б.Ғафуров, ки яке аз ноҳияҳои кишоварзии Тоҷикистон аст, 6 га заминро идора карда, меваи хушк ва чормағз истеҳсол мекунад. Ин деҳқон, ки собиқ иқтисоддони тахассусӣ буд, 8 сол пеш идоракунии хоҷагиро аз падару модараш ба ӯҳда гирифта, барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва беҳгардонии кори умумии хочагӣ кӯшиш кард.

Ғуломҷон Исмоилов ба яке аз бонкҳои шарики БАТР барои гирифтани қарз дар доираи лоиҳаи GEFF дар ҳаҷми 12376 доллари ИМА муроҷиат кардааст. Маблағи гирифтаро Ғуломҷон Исмоилов барои харидани трактори Luzhong 604A, ки дар Ҷумҳурии мардумии Чин истеҳсол мешавад, сармоягузорӣ кард.

Ғуломҷон Исмоилов инчунин ба гранти сармоягузории 30% аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дастрасӣ дорад ва ин кор ба вай имкон медиҳад, ки арзиши маблағгузориро коҳиш диҳад.

Сармоягузорӣ ба андозаи 12376 доллари ИМА ба деҳқон имкон дод, ки истифодаи энергияро дар як сол 92 ГҶ кам кунад. Ин боиси сарфаи хароҷоти солона ба андозаи 1900 доллари ИМА гардид, ки ин маблағ қариб 16 фоизи даромади софи хоҷагии деҳқониро ташкил медихад. Ҳамчун манбаи иловагии даромад, Ғуломҷон Исмоилов тасмим  гирифт, ки тракторро барои дастгирии хоҷагиҳои дигар ба иҷора диҳад.

“Мо тадриҷан фаъолиятамонро такмил дода истодаем. Бо афзоиши истеҳсолот мо ният дорем, ки маҳсулотамонро ба таъминкунандагони минтақавии Қазоқистону Русия содир кунем” – гуфт Ғуломҷон Исмоилов.

GEFF Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, Хазинаи Иқлими Сабз ва Кореяи ҷанубӣ дастгирӣ мешавад.

GEFF Тоҷикистон [Занҷираҳои арзиши иловагӣ дар соҳаи кишоварзӣ] ба деҳқонон ва корхонаҳои агросаноатии Тоҷикистон дар ҷорисозии роҳҳои ҳалли технологӣ, ки метавонанд рақобатпазирии занҷираҳои арзиши иловагиро дар соҳаи кишоварзӣ беҳтар гардонанд, кӯмак мерасонад.