enrutj

(English) PMK Vahdat LLC: Strengthening construction capacity with support from GEFF II Tajikistan

Сармоягузор
ҶДММ «ПМК Ваҳдат»

ҶДММ «ПМК Ваҳдат» 8 декабри соли 2015 дар шаҳри Хуҷанд бо фонди оинномавии 10 000 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст. Ширкат дар соҳаи хизматрасониҳои истеҳсолӣ-сохтмонӣ фаъолият намуда, дар тӯли солҳо портфели устувори фармоишҳоро ташкил додааст ва дар тендерҳои гуногун бомуваффақият иштирок менамояд.

Дар соли 2024 ширкат як қатор лоиҳаҳои муҳим, аз ҷумла сохтмони мактабҳо ва таҷдиди биноҳои маъмуриро амалӣ намуд. Бо мақсади иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ ва риояи муҳлатҳо, ширкат ба навсозии техника аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва навсозии парки техникӣ, роҳбарият қарор қабул намуд, ки техникаи муосир, аз ҷумла погрузчики вилочӣ, экскаватори чархдор ва погрузчики барқӣ харидорӣ намояд. Истифодаи ин техника равандҳои борбардорӣ, интиқоли мавод ва корҳои заминканиро самаранок мегардонад.

Лоиҳа бо истифода аз маблағгузории «сабз» дар доираи барномаи GEFF II Тоҷикистон ва бо дастгирии Бонки «Арванд» амалӣ гардид. Ҳаҷми маблағгузорӣ 60 000 доллари ИМА-ро ташкил дода, пурра барои хариди техника равона шуд.

Дар натиҷа, ширкат иқтидори техникии худро таҳким бахшида, самаранокии фаъолияти истеҳсолиро баланд бардошт ва барои рушди устувор замина фароҳам овард.