enrutj

Сафарбек Султонов инфрасохтори муосири нигоҳдории маҳсулотро рушд медиҳад

Сармоягузор
Соҳибкори инфиродӣ

Бо таҷҳизоти ҳозиразамон баланд бардоштани маҳсулнокӣ

Сафарбек Султонов инфрасохтори муосири нигоҳдории маҳсулотро рушд медиҳад

Сафарбек Султонов Раҳмонович, сокини шаҳри Ҳисор (ҷамоати Мирзо Ризо, дехаи Тӯда) як соҳибкори дорои таҷрибаи амалӣ дар соҳаи кишоварзӣ мебошад, ки ба технологияҳои муосири нигаҳдории маҳсулот таваҷҷӯҳ мекунад. Яке аз лоиҳаҳои асосии ӯ бунёди сардхона бо технологияи баланд дар Турсунзода, дар паҳлӯи корхонаи истеҳсоли алюминий мебошад. Иқтидори ғунҷоиши он то 600 тонна махсулоти кишоварзиро дар бар мегирад.

Лоиҳа аз он ҷиҳат беназир аст, ки дар амалигардонии он роҳҳалҳои каммасрафи энергия истифода мешавад: Сафарбек нақша дорад, ки ҳуҷраҳои сардхонаро бо таҷҳизоти Bitzer ва панелҳои пенополиуретанӣ муҷаҳҳаз созад. Ин кор барои гарминигаҳдорӣ ва кам кардани масрафи энергия имкон медиҳад. Самарабахшии чунин технологияҳо аллакай дар амал исбот шудаанд ва дар байни мутахассисон ба он талабот вуҷуд дорад.

Дар марҳилаи кунунӣ аз шумораи якчанд қисм, ду қисми он ба истифода дода шудааст. Ҳуҷраҳо 6 метр баландӣ ва 9 метр дарозӣ доранд ва шароити боэътимоди нигаҳдориро таъмин мекунанд. Дар дохили он ҷой барои ҳаракати мошинҳои боркаш пешбинӣ шудааст ва имкон медиҳад, ки маҳсулот бо истифодаи таҷҳизоти борбардор мустақиман бор карда шавад. Ин амал масъалаи логистикаро хеле осон мекунад.

“Ман мехостам на танҳо як сардхона, балки як иншооти инфрасохторие созам, то он барои бисёр деҳқонон ва таъминкунандагон муфид бошад. Бо технологияҳои нав мо на танҳо шароити нигаҳдориро беҳтар мекунем, балки талафоти ҳосилро низ коҳиш медиҳем”- мегӯяд Сафарбек.

Лоиҳаи Сафарбек дар рушди устувори инфрасохтори коркарди маҳсулоти кишоварзӣ саҳми муҳим дорад. Вай на танҳо ҷойҳои нави кориро фароҳам меорад, балки истифодаи роҳҳои ҳалли сабзро низ дар минтақа ташвиқ мекунад.