Баланд бардоштани маҳсулнокӣ аз истифодаи таҷҳизоти муосир
Гулов Мӯмин Химоятович роҳбари хоҷагии деҳқонии «Мустаким» мебошад. Ӯ фаъолияти худро соли 2000 оғоз карда, ба кишоварзӣ ва ангурпарварӣ машғул шуд. Дар тӯли ин солҳо таҷрибаи калон андӯхта, имрӯз хоҷагии худро муваффақона пеш мебарад — дар он ангур, зироатҳои боғӣ ва сабзавот парвариш мекунад.
Аз соли 2023 ӯ мизоҷи Бонки «Арванд» гардид. Бо дастгирии қарзӣ Гулов чор камераи муосири нигоҳдории маҳсулот сохт. Ин қадам имкон дод, ки ҳосил дар ҳолати тару тоза нигоҳ дошта шавад ва бо нархи хубтар ба фурӯш расад.
Имрӯз вай фаъолияти худро васеъ карда истодааст: бо маблағҳои қарзии нав гармхона барои парвариши помидор ва бодиринг месозад. Ин ба ӯ имкон медиҳад, ки тамоми сол сабзавоти экологӣ тоза истеҳсол намояд, ки дар бозор талаботи зиёд дорад.
Гулов қайд мекунад, ки дастгирии Бонки «Арванд» ба хоҷагии ӯ неруи нав бахшид. Технологияҳои муосири нигоҳдорӣ ва гармхона имкониятҳои бузургро барои васеъ кардани истеҳсолот ва мустаҳкам кардани мавқеи бозорӣ мекушоянд.
Ӯ ба роҳбарият ва филиали Бонки «Арванд», ки бо онҳо ҳамкорӣ дорад, миннатдорӣ изҳор намуда, ба Бонк солҳои дароз рушд, субот ва шукуфоиро орзу мекунад. Дар навбати худ ӯ ваъда медиҳад, ки ҳамеша ҳамчун мизоҷи ростқавл ва интизомӣ боқӣ мемонад ва ҳамаи ӯҳдадориҳоро сари вақт иҷро мекунад.
