enrutj

Ширкати кишоварзии тоҷикистонӣ ба техникаи кам масрафкунандаи энергия сармоягузорӣ мекунад ва даромадро меафзояд

Сармоягузор
ҶДММ «Абдурауф Юсупов»
Макон
Ҳисор, Тоҷикистон
Сармоягузорӣ
Трактор, ядак, алафдаравак
Ҳаҷми сармоягузорӣ
US$ 51568
Натиҷаи молиявӣ
Мӯҳлати баргардонидан 3 сол
Сарфаи энергия
209 ГҶ/сол
Коҳиш додани партовҳои CO2
15452 кг/сол
Донорҳо
ИА, ХИС, Кореяи Ҷанубӣ

Техникаи нави кам масрафкунандаи энергия истифодаи сӯзишвориро коҳиш медиҳад ва маҳсулнокиро баланд мебардорад

ҶДММ Абдурауф Юсупов яке аз бузургтарин ширкатҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон аст. Дар корхона 228 нафар кор мекунанд, ки зиёда аз 50 фисади онҳо зан мебошанд. Ширкат фаъолияти худро пайваста барои эҷоди занҷираи арзиши иловашуда тавассути парвариш ва захира кардани хӯроки чорво, нигоҳубини чорво ва ба даст овардани шири баландсифат рушд додааст. Хочагӣ, ки масохати умумии он 1028 гектар аст, ғалла, пахта, картошка, ҷуворимакка, юнучқа рӯёнида, 1100 cap чорвои калони шохдор парвариш мекунад.

Зафар Қаландаров, директори ҶДММ “Абдурауф Юсупов” барои сари вақт истеҳсол кардани хӯроки чорво тасмим гирифт, ки ба ҷойи техникаи кӯҳнаи кишоварзиаш, техникаи нав гирад ва ба яке аз бонкҳои шарики Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) барои дар ҳаҷми 51568 доллари ИМА қарз гирифтан муроҷиат кард, то як трактори нави кам масрафкунандаи энергия, олоти даравкунӣ ва ядак харад. Зафар Қаландаров дар вохӯрӣ бо ҷамоатҳо[1], ки аз ҷониби гурӯҳи лоиҳаи GEFF Тоҷикистон моҳи январи соли 2020 ташкил карда шуд, ширкат кард. Барои баррасии масъалаҳои техникӣ, ӯ инчунин бо мушовирони соҳаи кишоварзии лоиҳа мулоқот намуд.

Барои Зафар Қаландаров гранти сармоягузорӣ ба андозаи 30% аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо низ дастрас аст ва ба ӯ имкон медиҳад, ки арзиши маблағгузориро коҳиш диҳад.

Сармоягузориҳо боиси сарфаи солонаи сӯзишворӣ дар ҳаҷми тақрибан 209 ГҶ энергия дар як сол гардид, ки муҳлати хароҷотбарории он тақрибан 3 сол аст. “Мо пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки истеҳсолотамонро ба сатҳи баландтар бардорем ва барои беҳтар кардани равандҳои тиҷорат сармоягузорӣ кунем. Мо тасмим гирифтем, ки иқтидори истеҳсолии ширкатамонро васеъ кунем ва ин сармоягузориҳо ба фаъолияти мо таъсири мусбат расонида, рақобатпазирии моро афзоиш дод” – нақл кард Зафар Қаландаров.

GEFF Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, Хазинаи Иқлими Сабз ва Кореяи ҷанубӣ дастгирӣ мешавад.

GEFF Тоҷикистон [Занҷираҳои арзиши иловагӣ дар соҳаи кишоварзӣ] ба деҳқонон ва корхонаҳои агросаноатии Тоҷикистон дар ҷорисозии роҳҳои ҳалли технологӣ, ки метавонанд рақобатпазирии занҷираҳои арзиши иловагиро дар соҳаи кишоварзӣ беҳтар гардонанд, кӯмак мерасонад.

[1]  Ҷамоатҳо ҳамчун воҳидҳои маъмурии сатҳи сеюм, ба монанди шаҳрҳо, амал мекунанд. Дар Тоҷикистон тақрибан 405 ҷамоат вуҷуд дорад.