Сармоягузорӣ ба сардхона барои нигаҳдорӣ ва фурӯши меваю сабзавот дар фасли зимистон
Фатхиддин Раупов дар тӯли 15 соли ахир дар бозори шаҳри Ҳисори Тоҷикистон ба фурӯши масолеҳи сохтмонӣ машғул аст. Вай имкони гуногунсозии тиҷорат ва зиёд кардани даромади худро меҷуст.
Фатхиддин Раупов ба яке аз бонкҳои шарики БАТР барои гирифтани қарз ба маблағи 15475 доллари ИМА муроҷиат намуда, маблағи гирифтаашро барои сардхона бо ғунҷоиши умумии 300 тонна маҳсулот сармоягузорӣ кард. Ба таҷрибаи худ дар соҳаи сохтмон такя карда, вай дар наздикии хонааш як сардхона сохт. Фатҳиддин дар доираи лоиҳаи GEFF барои харидани 2 агрегати сардхона қарз гирифт.
Ҳарчанд сарфаи нерӯи барқ бо доллар ҳадди аққал ҳисоб мешавад, ба далели паст будани тарофаҳои нерӯи барқ дар Тоҷикистон, системаҳои сардхона пешниҳоди меваю сабзавотро дар фасли зимистон ва баҳор ба таври устувор ба бозор таъмин мекунанд. Дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон, ки қатъи барқ маъмул аст, нигаҳдории маҳсулот дар сардхонаҳо кафолат медиҳанд, ки меваю сабзавот пас аз ҷамъоварӣ ба муддати тӯлонӣ тару тоза боқӣ монанд. Ин дар навбати худ ба таҳкими занҷираҳои таъминоти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Фатхиддин Раупов инчунин ба гранти сармоягузории 30% аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дастрасӣ дорад ва ин кор ба ӯ имкон медиҳад, ки арзиши маблағгузориро коҳиш диҳад.
“Аз соли оянда мо ба дигар деҳқонон хизмати нигохдории ангурро пешкаш мекунем” -мегӯяд Фатхиддин Раупов дар бораи нақшаҳои худ.
GEFF Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, Хазинаи Иқлими Сабз ва Кореяи ҷанубӣ дастгирӣ мешавад.
GEFF Тоҷикистон [Занҷираҳои арзиши иловагӣ дар соҳаи кишоварзӣ] ба деҳқонон ва корхонаҳои агросаноатии Тоҷикистон дар татбиқи роҳҳалҳои технологӣ, ки метавонанд рақобатпазирии занҷираҳои арзиши иловагиро дар соҳаи кишоварзӣ беҳтар гардонанд, кӯмак мерасонад.