enrutj

Сармоягузориҳо ба обёрии қатрагӣ ба деҳқони тоҷик дар парвариши тарбузи барвақтӣ кумак мекунанд

Сармоягузор
Хоҷагии деҳқонии «Аҳмадҷон»
Макон
Балхӣ, Тоҷикистон
Сармоягузорӣ
Cистемаи обёрии қатрагӣ
Ҳаҷми сармоягузорӣ
US$ 4416
Натиҷаи молиявӣ
Мӯҳлати баргардонидан 1 сол
Сарфаи об
4200 м3/сол
Донорҳо
ИА, ХИС, Кореяи Ҷанубӣ

Сармоягузорӣ ба системаи обёрии қатрагӣ барои парвариши тарбузҳои барвақтӣ

Сармоягузорӣ ба системаи обёрии қатрагӣ барои парвариши тарбузҳои барвақтӣ

Деҳқоне аз Тоҷикистон барои парвариши тарбузҳои барвақтӣ ва содироти онҳо ба кишварҳои соҳили Балтика ва Федератсияи Русия ба системаи обёрии қатрагӣ сармоягузорӣ кардааст.

Ҳамчун муҳандис-гидротехник, Ҳамид Аҳмадов аз ноҳияи Балхӣ ба технологияҳои навоварона (инноватсионӣ), махсусан ба системахои гуногуни обёрӣ бениҳоят шавқманд аст. Соли 2019 ӯ аз намоишгоҳи агросаноатӣ дидан карда, бо технологияҳои навоваронаи парвариши тарбузҳои барвақтӣ шинос шуд. Баъдан ӯ тасмим гирифт, ки хоҷагии деҳқонии «Аҳмадҷон»-ро таъсис диҳад ва онро бо системаи обёрии қатрагӣ муҷаҳҳаз созад, ки он имкон медиҳад, то сатҳи нитратҳо назорат ва ҳосил мутобиқи меъёрҳои баланди сифат парвариш шавад.

Ҳамид Аҳмадов ба яке аз бонкҳои шарики Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) барои гирифтани қарзи GEFF ба маблағи 4416 доллар муроҷиат намуда, ба системаи обёрии қатрагӣ сармоягузорӣ кардааст. Ин технология ба ӯ имкон дод, ки дар тӯли 55 рӯз тарбуз (навъҳои фаронсавии Dolby ва Victoria) парвариш карда, ба хориҷи кишвар содир кунад.

Соҳибкор тавонист дар як сол 4200 м3 масрафи обро кам кунад, ки ин боиси сарфаи хароҷоти солона гардид. Муҳлати хароҷотбарорӣ 1 сол аст. Ғайр аз ин, чунин тарзи обёрӣ ҳосилнокиро аз майдони 1 га ба 20 тонна расонид, ки ин дар навбати худ фоидаро аз лоиҳа тақрибан се баробар афзуд.

Дастрасии гранти сармоягузории Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар ҳаҷми 30% имкон медиҳад, ки хароҷоти маблағгузорӣ коҳиш ёбад.

“Ҳамчун як деҳқон умедворам, ки вазъи эпидемиологӣ ба зудӣ ба эътидол меояд ва мо метавонем савдоро барқарор кунем. Ман омодаам, то барои содирот маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ истеҳсол кунам, ки онро метавон бо нархи гаронтар фурӯхт” – гуфт Ҳамид Аҳмадов.

GEFF Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, Хазинаи Иқлими Сабз ва Кореяи ҷанубӣ дастгирӣ мешавад.

GEFF Тоҷикистон [Занҷираҳои арзиши иловагӣ дар соҳаи кишоварзӣ] ба деҳқонон ва корхонаҳои агросаноатии Тоҷикистон дар ҷорисозии роҳҳои ҳалли технологӣ, ки метавонанд рақобатпазирии занҷираҳои арзиши иловагиро дар соҳаи кишоварзӣ беҳтар гардонанд, кӯмак мерасонад.