Боғ дар нишебӣ, трактор ва дорупошаки васлшаванда барои баланд бардоштани маҳсулнокӣ
Деҳқон барои зиёд кардани истеҳсолот ва пешгирии эрозияи хок ба боғ дар нишебии теппа, трактори каммасраф ва дорупошаки васлшаванда сармоягузорӣ мекунад.
Нузулиддин Раҷабов дар ноҳияи Ҳисор хоҷагиеро бо масоҳати 20 га идора мекунад ва 4,2 гектари дигарро ба иҷора гирифтааст. Водии Ҳисор яке аз калонтарин минтақаҳои кишоварзӣ аст, ки барои савдои яклухт, ангуру буттамева ва себ истеҳсол мекунад. Деҳқони ботаҷриба ва агроном Нузлиддин Раҷабов соли 2010 тасмим гирифт, ки хоҷагии деҳқонии «24-Солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро таъсис диҳад, то ба боғу токпарварӣ, мевапарварӣ ва коркарди он машғул шавад. Дар хоҷагии ӯ 30 нафар кор мекунанд, ки нисфашон зан мебошанд.
Нузулиддин Раҷабов ба яке аз бонкҳои шарики Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) барои гирифтани қарзи GEFF ба маблағи 44193 доллари ИМА муроҷиат кард. Ӯ аз се ду ҳиссаи ин маблағро барои харидани ниҳолҳои боғ харҷ кард ва боқимондаашро барои харидани трактор (модели Лучжонг 604А аз Чин) ва дорупошаки васлшаванда сармоягузорӣ кард. Дастаи кормандони лоиҳаи GEFF таҳлили лоиҳаро анҷом дод, иқтидори сарфаи энергия ва захираҳо, инчунин қобили қабул будани лоиҳаро аз лиҳози техникӣ арзёбӣ кард.
Дастрас будани гранти сармоягузории Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар ҳаҷми 30% имкон медиҳад, ки қиммати маблағгузорӣ кам карда шавад.
Сармоягузорӣ ба технологияҳои сабз ба деҳқон имкон дод, ки эрозияи хокро ба миқдори 22,39 тонна дар як сол пешгирӣ кунад, истифодаи сӯзишвориро ба 2048 кг дар як сол коҳиш диҳад, ки дар натиҷа хароҷоти солона 1882 доллари ИМА сарфа шуд. Нузулиддин Раҷабов ҳамчунин тасмим гирифт, ки ҳамчун манбаи даромади иловагӣ барои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таҷҳизот насб кунад.
“Ин боғи нави интенсивӣ ҳанӯз ҳосил надодааст ва себу нектарин ва дигар маҳсулоти кишоварзии дар боғи анъанавии худ парваришшударо мо бо сабаби баста будани сарҳадҳо натавонистем ба кишварҳои ҳамсоя содир кунем. Мо маҷбур шудем, ки онҳоро дар бозори дохилӣ бо нархи арзон фурӯшем ва аз ин рӯ фоидаи ночиз гирифтем” – гуфт Нузулиддин Раҷабов.
GEFF Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, Хазинаи Иқлими Сабз ва Кореяи ҷанубӣ дастгирӣ мешавад.
GEFF Тоҷикистон [Занҷираҳои арзиши иловагӣ дар соҳаи кишоварзӣ] ба деҳқонон ва корхонаҳои агросаноатии тоҷик дар ҷорисозии роҳҳои ҳалли технологӣ, ки метавонанд рақобатпазирии занҷираҳои арзиши кишоварзиро беҳтар гардонанд, кӯмак мерасонад.