Эшонкулов Фахриддин Қурбоналиевич, сокини деҳаи Навкати шаҳри Истаравшан, дар оилаи деҳқон ба дунё омада, аз хурдсолӣ ба кишоварзӣ шавқу рағбати зиёд дошт. Солҳои зиёд ӯ ба кишту кори пиёз, помидор ва бодиринг машғул буда, кишоварзиро ҳамчун манбаи асосии даромад рушд медод.
Дар солҳои қаблӣ заминҳои кишт тавассути чоҳи амудӣ обёрӣ мешуданд, ки дар масофаи дур ҷойгир буд. Ин боиси талафи зиёди об, сарфи вақти зиёд ва коҳиши самаранокии истеҳсолот мегардид. Бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои об ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ, зарурати ҷорӣ намудани технологияи муосир ба миён омад.
Соли 2025, пас аз машварат бо намояндагони Бонки “Хумо”, Фахриддин Эшонкулов дар доираи барномаи GEFF II Тоҷикистон қарор қабул кард, ки низоми обёрии қатрагиро ҷорӣ намояд. Санаи 1-уми сентябри соли 2025 ӯ ба маблағи 250 000 сомонӣ қарзи сабз гирифта, онро барои татбиқи лоиҳа равона кард.
Дар натиҷаи ҷорӣ намудани обёрии қатрагӣ, сарфи об ба таври назаррас коҳиш ёфта, ҳосилнокии заминҳо ба маротиб афзоиш ёфт. Лоиҳа на танҳо самаранокии фаъолияти кишоварзиро беҳтар намуд, балки ба ҳифзи захираҳои об ва рушди устувори хоҷагӣ мусоидат кард.
Ба гуфтаи мизоҷ, дастгирии Бонки «Хумо» дар доираи барномаи GEFF II Тоҷикистон ба ӯ имкон дод мушкилоти молиявиро паси сар намояд ва фаъолияти худро ба сатҳи нав барорад. Ӯ аз ҳамкорӣ қаноатманд буда, ният дорад дар оянда низ ҳамкориро идома дода, лоиҳаи нав — сохтмони гармхонаро — амалӣ намояд.