enrutj

Системаи обёрии сарфакунандаи об идоракунии заминро дар ҷануби Тоҷикистон беҳтар мекунад

Сармоягузор
Деҳқон
Макон
Қубодиён, Тоҷикистон
Сармоягузорӣ
Қубурҳо барои обёрӣ
Ҳаҷми сармоягузорӣ
US$ 4125
Натиҷаи молиявӣ
Мӯҳлати баргардонидан 2 сол
Сарфаи об
3327 м3/сол
Коҳиш додани партовҳои CO2
25 кг/сол
Донорҳо
ИА, ХИС, Кореяи Ҷанубӣ

Баланд бардоштани истифодаи самарабахши об ва дастрасӣ ба захираҳои об

Равшан Ҳоҷибеков бо оилаи бузурги худ, ки аз 10 нафар иборат аст дар хоҷагии дорои 4,8 га замин кор мекунад. Вай деҳқон аз ноҳияи Қабодиён аст, ки 15 сол таҷрибаи кишоварзӣ дорад ва ин ноҳия дар 170-километрии ҷанубу ғарби пойтахт воқеъ аст. Ин ноҳия иқлими мусоид дорад, аммо деҳқонони маҳаллӣ бо сабаби ноустувор будани системаҳои обёрӣ, заминро пурра истифода бурда наметавонанд.

Равшан Ҳоҷибеков тасмим гирфт, ки бо мақсади самарабахш истифода бурдани замин, системаи обёриро дар қитъаи замини худ беҳтар намояд. Бо ин ҳадаф, ӯ аз яке аз бонкҳои шарики Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) 4125 доллари ИМА қарз гирифта, онро барои харидан ва насб кардани 600 метр лӯлаи оби полезӣ истифода намуд. Пас аз анҷом додани кори системаи таъминкунии оби полезӣ, вай 2,88 га пахта ва 2 га чормағзи заминӣ кишт кард.

Насб кардани системаи нави обёрӣ ба деҳқон имкон дод, то ба таври мунтазам обро барои обёрии зироат таъмин кунад. Сарфаи об дар як сол 3327 метри мукаабро ташкил медихад. Дар лоиха инчунин ба таври самарабахш истифода бурдани заминхои мавҷуда пешбинӣ карда шудааст. Муҳлати хароҷотбарории лоиҳа 2 сол аст.

Барои Равшан Ҳоҷибеков инчунин гранти сармоягузорӣ ба андозаи 20% аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дастрас аст, ки ба ӯ имкон медиҳад, то арзиши маблағгузориро коҳиш диҳад.

“Каме беҳ гардонидани системаи обтаъминкунӣ имкон медиҳад, ки об ба таври мунтазам дастрас бошад, зеро обёрӣ яке аз унсурҳои асосии муваффақияти парвариши зироатҳост. Ба ҳамин далел, ҳамсояҳои мо низ дар андешаи насб кардани чунин системаҳо мебошанд. Ҳоло масъалаи расонидани об ба киштзор ҳал шудааст ва акнун мо метавонем васеъсозии майдони кишт ва бунёди боғро ба нақша гирем” – гуфт Равшан Ҳоҷибеков.

GEFF Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, Хазинаи Иқлими Сабз ва Кореяи ҷанубӣ дастгирӣ мешавад.

GEFF Тоҷикистон [Занҷираҳои арзиши иловагӣ дар соҳаи кишоварзӣ] ба деҳқонон ва корхонаҳои агросаноатии тоҷик дар ҷорисозии роҳҳои ҳалли технологӣ, ки метавонанд рақобатпазирии занҷираҳои арзиши кишоварзиро беҳтар гардонанд, кӯмак мерасонад.