enrutj

Бо дастгирии GEFF Тоҷикистон деҳқонзан ба трактори нави кам масрафкунандаи энергия сармоягузорӣ мекунад

Сармоягузор
Деҳқон
Макон
Носири Хусрав, Тоҷикистон
Сармоягузорӣ
Трактор
Ҳаҷми сармоягузорӣ
US$ 19700
Натиҷаи молиявӣ
Мӯҳлати баргардонидан 4 сол
Сарфаи энергия
141 ГҶ/сол
Коҳиш додани партовҳои CO2
10,387 тонна/сол
Донорҳо
ИА, ХИС, Кореяи Ҷанубӣ

Сармоягузорӣ ба трактори кам масрафкунандаи энергия барои таъмин кардани маҳсулнокии баланд

Деҳқонзан аз дехаи Сангобаи ноҳияи Носири Хусрав барои харидани трактори нави МТЗ 82.2 сармоягузорӣ кард, ки дар муқоиса ба трактори кӯҳна 20% энергияро камтар масраф мекунад.

Масхол Боймуродова бо 8 нафар аъзои оилааш дар хоҷагии деҳқонии дорои 3 га замин кор мекунад ва 2 гектари дигар иҷора мегирад. Вай меваҳои гуногун, пиёз, пахта, ҷуворимакка ва гандум парвариш мекунад.

Шавҳараш тракторрон аст ва ӯ дар хоҷагии деҳқонӣ низ кор мекунад. Ғайр аз кори худ, вай ба хоҷагиҳои ҳамсоя низ хизмат расонида, заминҳои онҳоро шудгор мекунад. Вай инчунин механик аст ва мошинолоти кишоварзиро таъмир мекунад. Бо гузашти солҳо трактори онҳо фарсуда шуд ва ба харидани трактори нави кам масрафкунандаи энергия зарурат ба миён омад. Бар асари бемории ҳамагири (пандемияи) COVID -19 ва маҳдудиятҳои ҳаракат, одамон нисбат ба пештара камтар дар саҳро кор мекунанд. Механизатсиякунонӣ талаботро ба қувваи корӣ коҳиш дода дар айни замон маҳсулнокии корро таъмин намуд.

Бо ин мақсад Масхол Боймуродова ба яке аз бонкҳои шарики Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) барои гирифтани қарзи GEFF ба маблағи 19700 доллар муроҷиат намуда, маблағро барои харидани як трактори нави каммасрафи МТЗ 80.1 сармоягузорӣ кард. Трактори кӯҳна барои шудгор дар як сол кариб 23.550 литр сузишвории дизелӣ масраф мекард, аммо трактори нав бошад тақриабан 19.628 литр сарф мекунад. Сарфаи баланди сӯзишвории трактор истифодаи сӯзишвории дизелиро 20% кам мекунад.

Дастрасии гранти сармоягузории Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар ҳаҷми 30% имкон медиҳад, ки арзиши маблағгузорӣ кам карда шавад.

“Бо трактори нав мо метавонем ҳамон корро тезтар ва бо хароҷоти камтар анҷом диҳем. Самаранокӣ афзоиш ёфт. Илова бар ин, шудгор кардани заминҳои хоҷагиҳои ҳамсоя даромади иловагӣ меорад. Дар оянда бо дастгирии GEFF мо ҳамчунин як таҷҳизоти боркунӣ (погрузчик) харидан мехоҳем” – гуфт Масхол Боймуродова.

GEFF Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, Хазинаи Иқлими Сабз ва Кореяи ҷанубӣ дастгирӣ мешавад.

GEFF Тоҷикистон [Занҷираҳои арзиши иловагӣ дар соҳаи кишоварзӣ] ба деҳқонон ва бахши агросаноатии Тоҷикистон дар роҳандозии роҳҳои ҳалли технологӣ, ки метавонанд рақобатпазирии занҷираҳои арзиши кишоварзиро беҳтар гардонанд, кӯмак мерасонад. Барнома чорабиниҳои гендериеро дастгирӣ мекунад, ки ба баланд бардоштани имкониятҳои баробари занон ва мардон барои дастрасӣ ба маблағгузорӣ дар технологияҳои сабз нигаронида шудаанд.