enrutj

Узокова Зарифа Абдунабиевна: рушди хоҷагии деҳқонӣ бо дастгирии GEFF II Тоҷикистон ва Бонки «Арванд»

Сармоягузор
Соҳибкори инфиродӣ

Узокова Зарифа Абдунабиевна, сокини шаҳри Истаравшан, деҳаи Навкат, раҳбари хоҷагии деҳқонии «Хоҷа Қурбоналӣ», ки аз соли 2023 инҷониб фаъолият менамояд. Хоҷагии деҳқонӣ дар самти кишти тарбуз, пиёз ва сабзавотҳо машғул аст.

Мизоҷ барои рушди хоҷагии худ ва беҳтар намудани самаранокии обёрии заминҳо қарз дар ҳаҷми 240 000 сомонӣ аз ЧСП Бонки Арванд гирифта, як қисми маблағро барои харидории қубурҳои пластикӣ ва қисмҳои дигараш барои системаи обёрии қатрагӣ истифода кард.

Ба шарофати дастгирии GEFF II Тоҷикистон, мизоҷ барои лоиҳаи обёрӣ грант ба маблағи 58 218,53 сомонӣ гирифт. Бо татбиқи лоиҳа заминҳои хоҷагии деҳқонии «Хоҷа Қурбоналӣ» ба низоми обёрии самаранок пайваст шуданд ва айни замон низоми обёрии қатрагӣ пурра ҷорӣ гардидааст.

Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳа, самаранокии обёрӣ ба таври назаррас беҳтар шуда, мизоҷ имкон пайдо мекунад, ки даромаднокии хоҷагии деҳқонии худро бо истифодаи захираҳои об афзоиш диҳад ва рушди устувори истеҳсолотро таъмин намояд.