GEFF II — на танҳо барномаи одии маблағгузорӣ аст. Ин мавҷи нави имкониятҳо барои соҳибкорон ва хонаводаҳо мебошад, ки навоварӣ, самаранокии нерӯи барқ ва афзоиши устуворро интихоб мекунанд.
Дар боби “лоиҳаҳои дурахшон” нишон дода шудааст, ки сармоягузориҳои сабз дар амал чӣ гуна кор мекунанд ва чӣ гуна онҳо зиндагии одамон, соҳаҳо ва куллан минтақаҳоро тағйир медиҳанд.
“Лоиҳаҳои дурахшон”-и GEFFII чӣ аст
Инҳо лоиҳаҳои воқеӣ мебошанд, ки намунаи ибрат шудаанд – гармхонаҳои навсозишуда, хатҳои нави истеҳсолӣ бо таҷҳизоти каммасрафи нерӯи барқ, панелҳои офтобӣ дар бомҳо, обёрии қатрагӣ дар хоҷагиҳо, коркарди партовҳо. Ҳар як ҳолат далели он аст, ки технологияҳо имрӯз дастрасанд, муфиданд ва дастгирии GEFF II онҳоро боз ҳам наздиктар мекунад.
Чаро мо инро нишон медиҳем
Мо лоиҳаҳои “Лоиҳаҳои дурахшон”–ро махсус қайд мекунем, то ба соҳибкорон ва хонаводаҳо илҳом бахшанд. Ин қиссаҳо нишон медиҳанд, ки роҳи ҳалли “сабз” — мӯд нест, балки интихоби оқилонаест, ки сарфаи хароҷот, субот ва имкониятҳои нави тиҷоратро таъмин мекунад.
Бо мисоли худ, қаҳрамонони “Лоиҳаҳои дурахшон” ба шикастани қолабҳо кӯмак ва исбот мекунанд, ки рушди устувор дар бораи маҳдудиятҳо нест, балки дар бораи афзоиш аст.
Ҷузъи “Лоиҳаҳои дурахшон” будан чӣ маънӣ дорад
Мо на танҳо лоиҳаҳоро маблағгузорӣ мекунем — мо онҳоро дар ВАО таблиғ мекунем, онҳоро дар форумҳо ва вохӯриҳо нишон медиҳем, ба онҳо садо ва аёният медиҳем. Ҳар як лоиҳаи муваффақ — саҳм ба шӯҳрати тиҷорат, шарикии нав ва эътимоди муштариён мебошад.
Бо GEFF II, шумо на танҳо истеҳсолотро навсозӣ мекунед, балки як ҷузъи ҷомеаи ширкатҳо ва одамоне мешавед, ки аллакай иқтисоди устувори Тоҷикистонро ташаккул медиҳанд.
Дастгирии мо — муваффақияти шумо
GEFF II барои дастгирии шумо дар ҳар қадам тарҳрезӣ шудааст: аз интихоби технология ва ҳисоб кардани хароҷотбарорӣ то ба даст овардани маблағгузорӣ ва арзёбии натиҷаҳои воқеӣ. Ҳар як лоиҳаи дурахшон —далели он аст, ки гузариш ба технологияи сабз барои ҳама гуна тиҷорат, новобаста аз миқёс ё соҳа имконпазир аст.
Ҷузъи қиссаи нави муваффақият шавед.
Ба технологияҳои сабз имрӯз сармоягузорӣ кунед, то лоиҳаи шумо фардо бо мисли GEFF II дурахшон шавад!
By using this site, you confirm that you accept our Terms and Conditions as well as our Cookies Policy AcceptRead More
Privacy & Cookies Policy
Privacy Overview
This website uses cookies to improve your experience while you navigate through the website. Out of these, the cookies that are categorized as necessary are stored on your browser as they are essential for the working of basic functionalities of the website. We also use third-party cookies that help us analyze and understand how you use this website. These cookies will be stored in your browser only with your consent. You also have the option to opt-out of these cookies. But opting out of some of these cookies may affect your browsing experience.
Necessary cookies are absolutely essential for the website to function properly. This category only includes cookies that ensures basic functionalities and security features of the website. These cookies do not store any personal information.
Any cookies that may not be particularly necessary for the website to function and is used specifically to collect user personal data via analytics, ads, other embedded contents are termed as non-necessary cookies. It is mandatory to procure user consent prior to running these cookies on your website.