Ҳама семинарҳои технологии лоиҳаи GEFF Тоҷикистон комилан ба намунаҳои таҷрибавӣ асос ёфтаанд. Афзалиятҳои техникии гармхонаҳои муосир бо системаҳои обёрии қатрагӣ аз ҷониби Усмонқул Ботуров (Муовини Роҳбари Лоиҳа) ба ҳозирон муаррифӣ карда шуд. Ӯ дар асоси таҷрибаи бойи агрономӣ маълумотро дар бораи намудҳои мухталифи гармхонаҳоро бо системаи обёрии қатрагӣ, афзалиятҳо ва камбудиҳои гармхонаҳои гуногун ва инчунин баланд бардоштани самаранокии ин маблағгузориҳо пешниҳод кард. Коршиносони дигар инчунин дар бораи намудҳои гуногуни гармхонаҳо, маводҳои сохтмонӣ, нигоҳдорӣ ва ҳосилнокии пешбинишуда маълумот доданд.
Деҳқонони тоҷик ба масъалаҳои зерин диққати махсус доданд: принсипҳои интихоби ҷой барои сохтани гармхонаҳо, маводҳои истифодашуда, арзиш ва мӯҳлати баровардани харҷ. Гурӯҳи мутахассисони лоиҳаи GEFF Тоҷикистон ба ин саволҳо посух доданд.
Дар шаҳри Бохтар иштирокчиёни семинар ба гармхонаи ҷамоати Ғайрат ташриф оварданд. Онҳо имконият пайдо карданд, ки бо хусусиятҳои тарроҳии гармхонаҳо, ки бо системаи обёрии қатрагӣ муҷаҳҳаз шудаанд, шинос шаванд. Иштирокчиён инчунин дар бораи мушкилиҳои истифодабарии гармхонаҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо маълумот гирифтанд.
«Чунин чорабиниҳо имконият фароҳам меоранд, ки байни мо – деҳқонон, таъминкунандагон ва ташкилотҳои молиявӣ робитаҳои мустаҳкам барпо карда шавад, ки ба дуруст ва саривақт амалӣ кардани лоиҳаҳои тиҷоратии мо мусоидат мекунад», гуфт Усмонов Ҳусниддин, деҳқон аз ноҳияи Турсунзода.
Лоиҳаи GEFF Тоҷикистон технологияҳои инноватсиониро тарғиб мекунад, ки захираҳои гуногунро сарфа мекунанд ва ба муҳити зист таъсири мусбӣ мерасонанд. Лоиҳа минбаъд низ чорабиниҳои мухталифро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи имконот, бартариҳои технологияҳои сабз ва густариши иртибот байни деҳқонони тоҷик, таъминкунандагони технологияҳои сабз ва шарикони молиявӣ идома медиҳад.