Барномаи GEFF II ба иштироккунандагон дастрасӣ ба воситаҳои самаранок ва дастгирии касбиро таъмин мекунад, то сармоягузориҳои “сабз”-ро то ҳадди имкон натиҷабахш ва бехатар амалӣ намоянд.
Селектори технологияҳои сабзи GEFF II — ин воситаи муносиби онлаӣн аст, ки фавран муайян кардани таҷҳизот ва маводҳои пуриқтидори истеҳсолӣ ва самаранокро имкон медиҳад, ки аллакай барои маблағгузорӣ тасдиқ шудаанд. Ин восита махсусан барои сармоягузориҳои намунавӣ муфид аст, вақте ки сарфа кардани вақт ва таъмини дастрасӣ ба рӯйхати омодашудаи технологияҳо, ки ба меъёрҳои барнома мутобиқ аст, муҳим мебошад.
Ҳамаи лоиҳаҳоро танҳо бо истифодаи Селектор маблағгузорӣ кардан мумкин нест. Барои сармоягузориҳои мураккаб ё ғайримуқаррарӣ арзёбии техникии ҷудогона пешбинӣ шудааст. Дастаи коршиносони GEFF II, ки аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) интихоб шудаанд, таҳлили муфассал анҷом медиҳанд, то қобилияти техникӣ ва самаранокии экологии лоиҳаро тасдиқ намоянд.
Гузориш доир ба арзёбӣ — ин ҳуҷҷати калидӣ буда, тасдиқ менамояд, ки технологияҳо ва таҷҳизоти интихобшуда пурра ба стандартҳои барнома мувофиқанд ва метавонанд дар доираи GEFF II маблағгузорӣ шаванд. Барои муштариён ин хизматрасониҳо ба шарофати дастгирии Хазинаи Иқлими Сабз (ХИС), Ҷумҳурии Корея ва Ҷумҳурии Австрия ройгон пешниҳод мешаванд. Ин кафолат медиҳад, ки арзёбӣ мустақилона ва бо сифати баланд анҷом дода мешавад.
Барои истифода бурдан аз дастгирӣ, аввал таҷҳизотро тавассути Селектори технологияҳои сабз интихоб кунед ё бо шарики молиявии худ тамос гиред. Барои арзёбии инфиродӣ мустақим бо дастаи GEFF II дар тамос бошед, то машварат гиред ва ҳамаи санадҳои заруриро омода созед. Мо ба шумо кӯмак мекунем, ки роҳи ҳалли муносибтаринро интихоб намоед ва лоиҳаро амалӣ созед, ки саҳмгузорӣ ба рушди устувор хоҳад буд.

Ман ба маблағгузорӣ барои харидани таҷҳизот ва маводҳои пуриқтидори истеҳсолӣ ниёз дорам. Ба Селектори технологияҳои сабз гузаред.
Ман ба машварат доир ба меъёрҳои мутобиқати лоиҳаи худ ниёз дорам. Муфассалтар дар бораи хизматрасониҳо.
Агар шумо таҷҳизот ва технологияҳои мувофиқро, ки мехоҳед маблағгузорӣ кунед, интихоб намуда бошед, Дастурамали қадам ба қадами “Дастрасӣ ба маблағгузорӣ барои технологияҳо”-ро омӯзед.
Дар ҳолати зарурати арзёбии лоиҳаи сабзи шумо аз ҷониби коршиносон, Дастурамали қадам ба қадами “Ба хизматрасониҳои арзёбии лоиҳа чӣ тавр метавон даст ёфт”-ро омӯзед.
Дастаи GEFF-и мо бо камоли майл ба шумо кӯмак мерсонад.