Барномаи Маблағгузории Иқтисоди Сабз (GEFF) тавассути шабакаи беш аз 170 ташкилотҳои молиявии маҳаллӣ дар 28 кишвар, бо маблағи беш аз 5 миллиард евро аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд маблағгузорӣ шуда, барои дастгирии соҳибкорон ва хонаводаҳое, ки ба технологияи сабз сармоягузорӣ карданӣ ҳастанд, мусоидат менамояд. Он дар таъсиси бозорҳои нав ва ба таври назаррас густариш додани бозорҳои мавҷуда оид ба коҳиш додани таъсири манфии омилҳои тағйирёбии иқлим ва маблағгузорӣ барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар бахшҳои саноатӣ, тиҷоратӣ, манзилӣ, нақлиётӣ ва кишоварзӣ саҳм мегузорад.
Дар Тоҷикистон, барномаи GEFF кӯмаки молиявӣ, техникӣ ва ҳавасмандкунии грантиро ба бахши хусусӣ, баҳри дастгирии гузариш ба иқтисоди сабз таъмин менамояд. GEFF Тоҷикистон лоиҳаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) буда, бо Хазинаи Иқлими Сабз (ХИС), Ҷумҳурии Корея (ҶК) ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) ҳамкорӣ менамояд. Лоиҳаи мазкур тавассути Шарикони молиявии маҳаллӣ, гузариш ба иқтисоди сабзро бо сармоягузории 25 миллион доллари ИМА, ки барои истифодаи самаранокии энергия ва дигар захираҳо пешбинӣ шудааст, амалӣ мекунад.
GEFF Тоҷикистон [Занҷираҳои арзиши иловашуда дар соҳаи кишоварзӣ] рушди занҷираҳои арзиши маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад. GEFF Тоҷикистон [Занҷираҳои арзиши иловашуда дар соҳаи кишоварзӣ] дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо барои деҳконон ва соҳибкороне, ки ба таҷҳизотҳо ва технологияҳои муосир сармоягузорӣ мекунанд, грантҳо пешниҳод мекунад (ба Дастгирии грантӣ нигаред).
GEFF Тоҷикистон [Соҳибкорӣ ва Манзилӣ] ба соҳибкорон ва хонаводаҳои тоҷик дар қабули технологияҳо ва таҷрибаҳо барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи об, энергия ва дигар захираҳо кӯмак мерасонад.
GEFF чӣ гуна кор мекунад?
Ду роҳи асосӣ вуҷуд дорад:
Таҷҳизотҳои дар рӯихати Селектори технологияҳои сабз мавҷудбуда метавонанд аз ҷониби GEFF бе тасдиқи иловагии техникӣ маблағгузорӣ шаванд. Ҳамаи ин технологияҳо ё энергияро сарфа мекунанд ё обро сарфа менамоянд ва ё энергияи барқароршавандаро истифода мебаранд. Барои дар рӯйхати Селектори технологияҳои сабз пайдо шудан, таҷҳизотҳо бояд ба стандартҳои баланди техникӣ, ки муҳандисони GEFF муайян намудаанд ва аз ҷониби БАТР ба сифати меъёрҳои мувофиқати техникӣ барои GEFF муқаррар шудаанд, ҷавобгӯ бошанд.
Баъзе сармоягузориҳои сабз метавонанд аз қарорҳои мушаххас баҳра баранд, ки равиши оддии дар боло тавсифшуда дастнорас аст ва ё ғайриимкон мебошад. Дар ин ҳолат, БАТР машварати ройгони мутахассисонро пешкаш мекунад, ки барои муайян кардани роҳи беҳтарини ҳал ва маблағгузории боэътимоди технологияҳои сабз ва хизматрасониҳо кӯмак мерасонанд.
Барои истифодаи GEFF, Шумо метавонед:
Гурӯҳи мутахассисони GEFF барои марҳилаҳои гуногуни таҳияи лоиҳа, баҳодиҳӣ ва татбиқи он дастгирии техникӣ мерасонанд. Ин барои муайян намудани роҳи беҳтарини ҳал ва таъмин кардани асоснокии техникии пешниҳоди сармоягузорӣ барои маблағгузорӣ дар доираи GEFF кӯмак мерасонад.
Мерос аз амалиётҳои пешинаи БАТР ва ИА
Барномаи мазкур дар асоси таҷрибахои муваффақ ва сабақҳои азхудкарда аз лоиҳаи БАТР, КЛИМАДАПТ – Воситаи Маблағгузорӣ барои Тобоварӣ ба Тағйироти Иқлим (CLIMADAPT) ва Лоиҳаи ИА, ЭКТАП – Баланд Бардоштани Рақобатпазирии Агробизнес дар Тоҷикистон (ECTAP) ташкил карда шудааст. Лоиҳаи ЭКТАП аз дастовардҳои Барномаи Маблағгузории Соҳаи Кишоварзӣ – TAFF асос ёфта, дар модернизатсия ва беҳтар кардани занҷираҳои арзиши кишоварзӣ нақши муҳим бозидааст. Лоиҳаи ECTAP ҳамчун як лоиҳаи муваффақ худро муаррифӣ карда, барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва рушди иқтисодӣ, тавассути такмил додани занҷираҳои арзиши маҳсулоти кишоварзӣ ва корхонаҳои кишоварзӣ, сифат ва маркетинги маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, мусоидат кард.
Лоиҳаи КЛИМАДАПТ барномаи таҷрибавии муваффақ буда, маблағгузорӣ барои тобоварӣ ба тағйироти иқлим дар Тоҷикистон аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ва Хазинаҳои Сармоягузории Иқлим (ХСИ) бо дастгирии Ҳукумати Британияи Кабир ва Фонди БАТР барои кишварҳои дар марҳилаи ибтидоии гузариш ба роҳ монда шуда буд. Лоиҳаи КЛИМАДАПТ технологияҳои баланд бардоштани самаранокии захираҳои обию энергетикӣ ва кам кардани бодлесшавии хокро маблағгузорӣ кардааст, ки ба ҷанбаҳои муҳими осебпазирии иқлим дар Тоҷикистон хос мебошанд. Дар тӯли 3 сол лоиҳа хатти қарзиро ба маблағи 10 миллион доллари ИМА пурра истифода бурд, ки ба зиёда аз 3500 бенифитсиарҳо таъсир расонида, лоиҳа беш аз 20 технологияи устувории иқлимро маблағгузорӣ кардааст. Дар доираи ин лоиҳа манбаи нави далелҳо оид ба чӣ гуна тавассути сармоягузории бахши хусусӣ метавон ба мутобиқшави иқлим саҳм гузошт, гирд оварда шуд.