enrutj

Дастури "Чӣ гуна бояд барои маблағгузории технология муроҷиат кард"

Қадами 1

Интихоби технологияҳо

Селектори технологияҳо сабзро барои интихоби технология ва таҷҳизотҳои мувофиқ истифода баред ва таснифоти техникии истеҳсолкунандаро, ки талаботҳои ҳадди ақали корро тасдиқ мекунанд, ба даст оред.

Пешниҳоди ариза

Аризаро пур кунед (инчунин дар шӯъбаҳои шарики молиявӣ мавҷуд аст) ва дар якҷоягӣ бо ҳуҷҷатҳои дар қадами қаблӣ гирифташуда ба шӯъбаи маҳаллии шарики молиявӣ супоред.

Санҷиши мувофиқати молиявӣ

Шуъбаи шарики молиявӣ мувофиқати молиявии Шуморо месанчад ва санҷиши мувофиқати техникиро дархост мекунад.

Санҷиши мувофиқати техникӣ

Меъёрҳои техникии таҷҳизоти интихобшуда бо ёрии Селектори технологияҳои сабз санҷида мешаванд.

Қадами 2

Шартномаи қарзӣ

Пас аз бомуваффақият анҷом додани қадами аввал, шарики молиявӣ шартномаи қарзиро барои имзои Шумо омода мекунад.

Пешниҳоди маблағ

Пас аз ба имзо расидани шартномаи қарзӣ, маблағ барои истифодаи технологияи интихобкардаи Шумо омода мешавад.

Татбиқи технология

Технологияро барои тиҷорати худ татбиқ намоед ва ҳама ҳуҷҷатҳои дахлдор, инчунин сертификатҳо, ҳуҷҷати кафолат, шартномаи таъмир ва ҳуҷҷати тасдиқи харидро омода созед (барои санҷиш лозим аст).

Қадами 3

Санҷиши верификатсионӣ

Мутахассисони GEFF технологияи татбиқкардашударо ва кори самараноки онро месанҷанд (ташриф ва санҷиши он лозим шуданаш мумкин).