- Бастаи 4 миллион доллари ИМА ба Бонки Арванд дар Тоҷикистон
- Пешбурди технологияҳои сабз ва имкониятҳои нав барои корхонаҳое, ки занон роҳбарӣ мекунанд
- Хазинаи Иқлими Сабз бо БАТР муттаҳидиро тақвият менамояд
Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) бо Фонди Иқлими Сабз (GCF) ширкатҳои хурди бахши хусусии Тоҷикистонро, ки ба ҳалли технологияҳои сабз сармоягузорӣ мекунанд ва ҳамчунон барои фароҳам овардани имкониятҳои нав барои тиҷорати хурд, ки занон роҳбарӣ мекунанд, муттаҳид мешаванд.
Пешниҳоди бастаи молиявӣ ба маблағи 4 миллион доллари ИМА, ба Бонки Арванд,ки аз ҷониби БАТР ташкил карда шудааст, тавассути 72 филиал ва нуқтаҳои хизматрасонӣ ба 100,000 мизоҷон дар саросари Тоҷикистон, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар баландкӯҳҳо ҷойгиранд ва тақрибан нисфи тамоми қаламрави кишварро ишғол мекунаду дар он ҷо мавҷудияти муассисаҳои молиявӣ маҳдуд аст, айни муддаост.
Баста аз 2 миллион доллари ИМА қарз, бо маблағгузории муштарак аз ҷониби БАТР ва GCF дар доираи Барномаи Маблағгузории Иқтисоди Сабз (GEFF) ва 2 миллион доллари ИМА қарз дар доираи барномаи БАТР «Woman of the Steppe Programme» дар Осиёи Марказӣ иборат аст.
GEFF ба густариши дастрасӣ ба технологияҳои сабз барои хонаводаҳои маҳаллӣ ва корхонаҳои хурду миёна (КХМ), ки як қисми нақшаи ба наздикӣ эълоншудаи БАТР оид ба зиёд кардани ҳаҷми маблағгузорӣ барои ташаббусҳо бахшида ба мубориза бо тағирёбии иқлим мебошад, кӯмак хоҳад кард. Бонк ба нақша гирифтааст, ки то соли 2025 беш аз 50 фоизи сармояи солонаи он ба технологияҳои сабз хоҳад шуд.
GEFF, ки дар Тоҷикистон аз ҷониби GCF ва Ҷумҳурии Корея дастгирӣ карда мешавад, инчунин маблағҳоро аз Барномаи Баланд Бардоштани Рақобатпазирии Агробизнес дар Тоҷикистон (ECTAP)-и Иттиҳоди Аврупо истифода хоҳад бурд.
Ҷузъи дуюми бастаи молиявӣ («Женщины в бизнесе») ба рушди соҳибкории занон ва фаъолияти тиҷоратӣ тавассути мусоидат ба дастрасӣ ба маблағгузорӣ, ноу-хау ва хизматрасониҳои машваратӣ мусоидат хоҳад кард. Ин ташаббус инчунин ба ташкилотҳои молиявӣ барои вусъат додани хизматрасониҳое, ки ба корхонаҳои аз тарафи занон роҳбарикунанда пешниҳод мекунанд, дастгирии машваратӣ мерасонад. Барномаи «Woman of the Steppe Programme» аз ҷониби Ташаббуси маблағгузории занони соҳибкор (We-Fi) ва Швейтсария тавассути Фонди дастгирии тиҷорати хурд (SBIF) дастгирӣ карда мешаванд.
Барномаи GEFF як қисми муносибати Бонк ба «Гузариш ба Иқтисоди Сабз” (GET) мебошад. Он тавассути шабакаи беш аз 145 муассисаҳои молиявии маҳаллӣ дар саросари 27 кишвар фаъолият мекунад, ки аз ҷониби БАТР маблағи зиёда аз 4,6 миллиард евро барои 190 000 мизоҷон то имрӯз дастгирӣ ёфтаанд. Ин лоиҳаҳо боиси коҳишёбии ҳарсолаи партоби CO2 беш аз 8,6 миллион тонна шуданд.
То имрӯз, Бонк (БАТР) зиёда аз 90 000 занони 24 кишварро дар доираи лоиҳаҳои маблағгузорӣ ва машваратӣ дар соҳаи тиҷорат, омӯзиш ва менторинг, дар доираи ташаббуси «Женщины в бизнесе» дастгирӣ намудааст.
То имрӯз, БАТР 139 лоиҳаҳоро дар иқтисодиёти Тоҷикистон ба маблағи 731 миллион евро сармоягузорӣ кардааст.