Бо мақсади беҳтар намудани шароиту имкониятҳои шарики молиявӣ ва баланд бардоштани савияю дониши кормандони он оид ба маблағгузории сабз, омӯзишҳо гузаронида шуданд. Барномаи таълимии инфиродӣ махсус барои коршиносони қарзӣ ва вобаста ба талаботҳои онҳо таҳия шудааст. Мақсади ин омӯзишҳо такмил додани маҳорату дониш дар бораи тартиби пешниҳоди қарз ва грант, талабот ба мавод ва таҷҳизотҳои каммасраф, инчунин имкониятҳои нави сарфаи захираҳо дар доираи лоиҳа мебошад. Тартиби тафтиш ва пардохти дастгирии грантӣ яке аз мавзӯъҳои муҳим буда бо ҳар як гурӯҳ бо пуррагӣ муҳокима карда шуданд. Дар давоми омӯзишҳо таҷрибаҳои муваффақи лоиҳаи GEFF Тоҷикистон низ муаррифӣ карда шуданд, ки чӣ гуна лоиҳаҳои сабз метавонад захираҳоро сарфа кунад ва ба хароҷот таъсири мусбӣ расонад.
Дар ҷараёни омӯзишҳо, тартиби интихоб аз Селектори Технологияҳои Сабз (СТС) низ пешкаш карда шуд, ки чӣ гуна сайт метавонад алоқамандии истеҳсолкунандагон ва таъминкунандагони технологияҳои сабзро дар иртибот бо корхонаҳо ва хоҷагидорону хонаводаҳо, ки хоҳиши ба даст овардани технологияҳои сабз доранд, кӯмак расонад. СТС як сайти байналмилалии технологияҳо ва маводҳои қаблан тасдиқшудаи баландсифат мебошад, ки барои маблағгузории БАТР тавассути муассисаҳои молиявии маҳаллӣ дар доираи барномаҳои маблағгузории сабз мувофиқанд. Он бузургтарин платформаи тиҷорати электронии байналмилалӣ буда, мунтазам навсозӣ карда мешавад, то технологияҳои навтарин, мавод ва таъминкунандагони навро ворид намояд.
Саволномаҳои баҳодиҳӣ, ки аз ҷониби иштирокчиён пас аз ҳар як омӯзиш пешниҳод карда мешаванд, мусби баррасӣ шудаанд.
“Услуби олиҷаноби гузаронидани омӯзиш бо имконоти зиёд барои савол ҷавоб ва муҳокимаронии мисолҳои воқеӣ. Ташаккур”, – гуфт Зарина Турсунпулотова, коршиноси қарзии филиали Шаҳритуз.
«Истифодаи самараноки захираҳо омили асосии гузариши шаҳрҳои афзоянда ба иқтисоди сабз мебошад. Омӯзиши мазкур ба ман кӯмак намуд, ки малакаҳои техникии васеъ кардани қарздиҳии сабзро дар ташкилотамон инкишоф диҳам», – қайд намуд Ҳ. Набиев, роҳбари филиали Панҷакент.