Шабакаи заҳбуру заҳкаш - коҳиши хавфи обёрии аз ҳад зиёди зироатҳо
Балхумор Менглиқулова 5 гектар хоҷагиро идора менамояд, ки дар он гандум, пахта ва сабзавот парвариш карда мешавад. Ин хоҷагӣ дар ноҳияи Ёвон, дар ҷануби Тоҷикистон ҷойгир аст. Аз сабаби баланд шудани сатҳи обҳои зеризаминӣ, хоҷагиҳои ин минтақа ба хатари аз ҳад зиёд об додани зироатҳо ва шӯршавии замин дучор мешаванд. Ин ба нашъунамои зироатҳо ва сифати об таъсири манфӣ мерасонад, ки натиҷаи он пастшавии ҳосил мебошад.
Балхумор Менглиқулова бо мутахассисони лоиҳаи GEFF Тоҷикистон тамос гирифта, барои бунёд намудани шабакаи заҳбуру заҳкаш, ки 1550 метрро ташкил медиҳад, 4125 доллари ИМА қарз гирифт. Дар натиҷа, миқдори оби сарфашуда то 633 м3-ро дар як моҳ ташкил медиҳад.
Илова бар ин, оби ҷамъоваришударо метавонанд хоҷагиҳои дигар, ки дар поёни ҷӯйбор ҷойгиранд, дубора истифода намоянд. Шабакаи заҳбуру заҳкаш ҳамчунин барои ҷоришавии обҳои зиёдатӣ, ба монанди сел истифода мешавад.
«Мо ба мутахассисони лоиҳаи GEFF барои гузаронидани таҳлили техникӣ дар ҳалли мушкилоте, ки дар хоҷагӣ дучор мешавем, миннатдорем. Хулоса, ман акнун обро сарфа мекунам ва муҳимтар аз ҳама, сифати маҳсулотро беҳтар намуда, онҳоро бо нархҳои баландтар дар бозор мефурӯшам» – гуфт Балхумор Менглиқулова.
Лоиҳаи GEFF Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, Хазинаи Иқлими Сабз ва Кореяи Ҷанубӣ дастгирӣ карда мешавад.
GEFF Тоҷикистон [Занҷираҳои арзиши иловашуда дар соҳаи кишоварзӣ] ба деҳқонон ва агробизнеси тоҷик дар амал ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, ки рақобатпазирии занҷираҳои истеҳсолотро дар соҳаи кишоварзӣ афзоиш медиҳанд, кӯмак мерасонад. Барнома фаъолиятҳои марбут ба гендерро, ки ба фароҳам овардани имкониятҳои баробари занон ва мардон дар дастрасӣ ба маблағгузорӣ барои технологияҳои сабз равона шудааст, дастгирӣ мекунад.