ECTAP – ин лоиҳаи васеъмиқёси агробизнес мебошад, ки аз тарафи ИА маблағгузорӣ шуда, барои мусоидат ба кам кардани сатҳи камбизоатӣ ва рушди иқтисодии Тоҷикистон тавассути мустаҳкам гардонидани занҷираҳои истеҳсолию фурўш, баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳои кишоварзию истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ, сифат ва маркетинги маҳсулоти онҳо равона карда шудааст.
Маблағҳо асосан барои хариди трактору мошинолотҳои нави ҳозиразамон, таҷҳизоти обёрии қатрагӣ, сардхонаҳо, гармхонаҳои муосир, таҷҳизоти парандапарварӣ ва дигар таҷҳизоти муосири соҳаи кишоварзӣ равона гардидаанд.
Гузориши хабариро аз ин чорабинӣ метавонед дар истиноди зерин тамошо намоед: Гузориши ТВ Сафина