Омӯзишҳо оид ба огоҳии гендерӣ ба кормандони шарикони молиявӣ имконият доданд, ки мафҳумҳои асосии гендериро омӯзанд, фаҳманд, ки оё нобаробарии гендерӣ вуҷуд дорад ё не, инчунин дар бораи аҳамияти маблағгузории сабз мутавозиншудаи гендерӣ маълумот пайдо намоянд. Аз ҷумла, як қатор масъалаҳо, аз қабили ҷорӣ намудани равишҳои ҳассос ба масоили гендерӣ ва татбиқи фаъолиятҳои гендерӣ дар доираи лоиҳа оид ба васеъ намудани имкониятҳои баробари занон ва мардон дар дастрасии маблағгузорӣ барои технологияҳои сабз арзёбӣ гардиданд. Ҳамзамон, аҳамияти пурзӯр намудани корҳои тарбиявӣ ва фаҳмондадиҳӣ байни занон ҷиҳати дастгирии пешрафти баробарии гендерӣ қайд карда шуд.
Барои заноне, ки мизоҷони шарикони молиявии мо мебошанд, омӯзишҳои алоҳида дар мавзӯи саводнокии молиявӣ ташкил карда шуданд. Иштирокчиён дар бораи таъсири тағйирёбии иқлим ба бахши кишоварзӣ ва технологияҳои сабз барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар ин бахш маълумот гирифтанд.
Дар рафти тренингҳо иштирокчиён оид ба беҳтар намудани дастрасии занони тоҷик ба маблағгузории сабз баҳсҳои ҷолиб баргузор гардиданд. Кормандони шарикони молиявӣ ва мизоҷони онҳо аз таҷрибаи худ нақл намуда пешниҳодҳоеро манзур намуданд, ки дар фаъолияти ояндаи лоиҳаи мо истифода хоҳанд шуд.
«Баробарии гендерӣ ва васеъ намудани ҳуқуқу имкониятҳои занон дар самти маблағгузории технологияҳои сабзр асоси кори мост. Мо кӯшиш ба харҷ дода истодаем, то ки нобаробарии гендериро коҳиш диҳем ва ба занон дастрасии баробарро ба маблағ бо мақсади баланд бардоштани устувории онҳо ба тағййирёбии иқлим таъмин намоем” – гуфт Кайрат Шалабай, роҳбари лоиҳаи GEFF Тоҷикистон.
Омӯзишҳо ба шарикони мо дар он имконият медиҳанд, то ки ба нақшҳои муқарраршудаи гендерӣ нисбат ба занон аз нигохи нав нав назар намуда, нақши онҳо дар ноил шудан ба баробарии гендерӣ ва бартараф кардани норасоиҳо дар донишҳои гендерӣ карда шаванд. Баробарии гендерӣ омили калидӣ барои гузариши устувор ва рушди фарогир ҳангоми ҳифз ва беҳтар кардани муҳити зист мебошад. Баланд бардоштани иқтидор оид ба огоҳии гендерӣ як роҳи беҳтарини таҳкими фаъолиятҳои вобаста ба гендерӣ мебошад.